ВидеоИқтисодКоррупсияНомаҳо ба президент

ЭЪТИРОЗИ ҲУДУДИ 70 РОНАНДА ДАР НАЗДИ ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ БАЪДИ ТО 400 ДОЛЛАР ХЕСТАНИ НАРХИ “ДОЗВОЛ”, ҚОҒАЗЕ, КИ НАРХАШ ҲАМАГӢ … 84 СОМОНӢ БУДААСТ

Субҳи 23 сентябр ҳудуди 70 ронандае, ки аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бор мекашонанд, ба нишони эътироз аз пулканиҳои беинсофона дар назди вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гирди ҳам омаданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ронандагони норозиро масъулони вазорати нақлиёт қабул кард, арзашонро шунидаанд ва ваъда додаанд, ки рӯзи 23 сентябр роҳбарони тамоми ширкатҳои логистикиро ҷамъ оварда, масъаларо ҳал мекунанд.

Ронандагони норозӣ мегӯянд, миёнаравҳо нархи санадҳоеро, ки барои интиқоли бор аз хориҷ лозиманд, ба таври беинсофона боло бардоштаанд.

“Яке аз ин ҳуҷҷатҳо “Carnet TIR” (китоби боркашониии байналмилалӣ, книжка МДП, международных дорожных перевозок) аст, ки нархи аслиаш 35 доллар будааст, вале ба мо, ронандагон, ин ҳуҷҷатро 350 доллар мефурӯшанд. 10 маротиба гаронтар аз нархи худаш! Аз 5 сентябр нархи “дозвол” (иҷозатномаи интиқоли бор аз хориҷ, ки бо ҳамин вожа аз забони лаҳистонӣ маъруф шудааст) аз 60 доллари қаблӣ то ба 140 доллар боло рафт. Ширкатҳои миёнарав инро ба камбуди бланк рабт медоданд ва мегуфтанд, ки баъди ҷашни истиқлолият  ҳал мешавад мушкил, вале нашуд”,  нақл кард яке аз ронандагон.

Дар натиҷа, инак чанд ҳафта боз дар ду тарафи марз даҳҳо мошини боркаш ҷамъ шуда, ба сабаби надоштани “дозвол” на барои кашондани бор ба Ӯзбекистон рафта метавонанд, на онҳое, ки мошинашон пур аз бор аст, марзро гузашта, баргашта метавонанд. Бархе ронандагон маҷбур шудаанд маҳсулоти аз Ӯзбекистон бор кардаашонро аз мошинҳояшон фуроранд, чунки онро сари вақт расонда наметавонистанд.

Роҳбари яке аз ширкатҳои нақлиётӣ дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт: “Баъди ҷашни истиқлолият баракс бадтар шуд. Миёнаравҳо аз 15  сентябр ба ин тараф барои як “дозвол” аз 300 то 400 доллар талаб карданд. Инаш дигар баднафсии беш аз ҳад буд. Ширкати мо чанд “дозвол”и пештар харидаамонро ба ронандагон тақсим карду дигар корро бас кард. Вале ронандаҳо бекор истода наметавонанд. Зиндагии онҳо аз ҳисоби чархидани чархи мошинҳояшон аст. Ҷони ронандагон ба лабашон расид, тоқаташон ҷамъ шуд ва субҳи 23 сентябр ҳама ба вазорат омаданд. Раиси хадамоти вазорат гуфт,  нархи расмии “дозвол” ҳамагӣ 84 сомонӣ аст.  Чаро ба шумо 300-400 доллар мефурӯшанд? Бубинед, ба давлат ҳамагӣ 84 сомонӣ медодаанд ва худашон як қоғазро 50 маротиба қиматтар мефурӯхтаанд!”

Барои муқоиса, нархи “дозвол” барои вуруд ба Русия 10 доллар (барои ронандагон аз Тоҷикистон ҳатто бепул) ва ба Ӯзбекистон аҳ 8 то 10 доллар аст. Дар Тоҷикистон беинсофҳо нархи онро то 400 доллар хезондаанд, мегӯянд бо алам ронандагони норозӣ.

“Дозвол” ҳуҷҷати расмиест, ки ҳамчун иҷозатнома барои ба кишвар кашондани бор дар ҳар кишвар онро вазорати нақлиёт тавассути Иттиҳодияи нақлиётӣ байналмилалӣ медиҳад. Дар Тоҷикистон тақсими “дозвол” тавассути АММАТ (Ассоциация международного автомобильного транспорта Республики Таджикистан) сурат мегирад. АММАТ маъмулан ин иҷозатномаҳоро байни ширкатҳои логистикии ба ин ниҳод наздик, яъне “худӣ” тақсим мекунад ва сипас онҳо ин ҳуҷҷатҳоро ба ширкатҳои нақлиётӣ ва ронандагон мефурӯшанд.

Чунин шакли кор табиист, ки заминаро барои коррупсия ҳамвор мекунад ва инсофро баракс аз байн мебарад, ки намунаашро дар ҳоли зори ба сари ронандагон овардаи ин ба ном “масъулони соҳа”, вале дар асл як дастаи баднафс мебинем.

Ва ин арсаест, ки дахолати нафақат вазорати нақлиёт, балки дахолати оҷили ҳама ниҳодҳои масъули мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, аз Агентии мубориза бо коррупсия то Додситонии кул ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро талаб мекунад, чунки танҳо ронандагони тоҷик нестанд, ки қурбони ин дастаи баднафс шудаанд.

Дар аксҳо мошинҳое, ки дар гузаргоҳи КПП дар марз бо Ӯзбекистон ҷамъ шуда, ба сабаби надоштани “дозвол” гузашта наметавонанд:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button