ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

АЗ 5 ОКТЯБР ШУМОРАИ ПАРВОЗҲО БО РУСИЯ БОЗ МЕАФЗОЯД. ФУРУДГОҲИ БОХТАР НИЗ БА ПАРВОЗҲО БА РУСИЯ САР МЕКУНАД

Рӯзи 22 сентябр ситоди фаврии ҳукумати Русия оид ба пешгирӣ аз вуруд ва паҳншавии коронавирус қарор қабул кард, ки аз 5 октябр шумораи парвозҳои доимӣ бо Тоҷикистонро дар заминаи дуҷониба афзоиш диҳад.
Тибқи қарори ситод, аз 5 октябр дар хатсайриМаскав – Хуҷанд ва Маскав – Кӯлоб ҳафтае то 2 парвоз сурат гирифта, аз ҳар кадом аз фурудгоҳҳои дигари Русия, ки дигарбора ҳаққи анҷоми парвозҳои байналмилалиро ба даст оварданд, ҳар ҳафта ба фурудгоҳҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоби Тоҷикистон низ то 2 парвоз анҷом дода метавонанд.

Ёдовар мешавем, ки Русия марзҳояшро ба сабаби пандемияи коронавирус аз 20 марти соли 2020 баст ва танҳо аз 1 апрели соли 2021 ба парвозҳо бо Тоҷикистон иҷозат дод, вале чанд моҳи аввал  парвозҳои доимӣ танҳо байни Душанбе ва Маскав ва он ҳам то моҳи июн ҳамагӣ 2 парвоз ва аз июн то 27 август  ҳамагӣ 4 парвоз дар ҳафта  анҷом мешуд.

Парвозҳои дигар ҳама чартерӣ буданд ва нархашон як муддат то ба ҳадди 1500 доллар боло рафт, ки хашми сокинони Тоҷикистон ва ҳатто эътирозҳоро ба бор овард.

Аз 27 август Русия парвозҳои доимӣ байни Душанбеву Маскавро ҳаррӯза карда, ба парвозҳои доимӣ аз шаҳрҳои дигараш ба Душанбе ва Кӯлобу Хуҷанд ҳам иҷозат дод ва дар натиҷа шумори парвозҳои доимӣ байни Русияву Тоҷикистон даҳҳо маротиба афзуд ва ҳоло ҳудуди 100 парвози доимӣ дар ҳафтаро ташкил медиҳад.

Сокинони Тоҷикистон умедвор буданд, ки дар пайи афзоиши бамаротиби шумораи парвозҳои доимӣ ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи чиптаҳои худро пойин хоҳанд овард. Ин ширкатҳо қаблан дар тавҷеҳи нархҳои миёншикани худ инро баҳона мекарданд, ки зимни анҷоми парвозҳои чартерӣ маҷбуранд аз мусофирон хароҷоти ҳарду тарафи роҳро ситонанд, чунки ба як тараф маҷбуранд холӣ, яъне бидуни мусофир, парвоз кунанд.

Вале бо вуҷуди даҳҳо маротиба афзудани шумораи парвозҳои доимӣ, нархи парвозҳо аз Тоҷикстон ба Русия ҳамчунон миёншикан боқӣ монда, барои мисол, нархи чиптаи парвоз аз Душанбе ба Маскав ҳамчунон дар ҳудуди 500 доллар барои як тараф боқӣ мондааст.

Сокинони Тоҷикистон ин нархҳоро беинсофона меноманд ва ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва чиптафурӯш лаънат мефиристанд, вале маҷбуранд ба сабаби набудани алтернативаи дигар барои худро то Русия расондан бо ин нархҳои осмонбӯс чипта бихаранд. Қарори маълум, иҷозати сафар ба Русия бо роҳҳои арзонтаре, чун қатори роҳи оҳан ё автобусҳо то ҳол дода нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button