ВидеоМуҳоҷирон

ПОЛША АЗ БОЗДОШТИ БОЗ ДУ ТОҶИК ВА ДЕПОРТАТСИЯИ ЯК ТОҶИКИ ДИГАР ХАБАР ДОД

Хадамоти марзбонии Полша (Лаҳистон) рӯзи 22 сентябр хабар дод, ки марзбонони минтақаи Подляски дар марз бо Беларус 4 нафар: ду шаҳрванди Тоҷикистон, як шаҳрванди Украина ва як шаҳрванди худи Полшаро бо иттиҳоми кумак ба интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дастгир кардаанд.

 «Дар моҳи ҷорӣ бори аввал депортатсияи хориҷиёне, ки барои кумак ба интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба даст афтодаанд, низ сурат гирифт. Ду хориҷиро аз Полша ба кишварҳои зодгоҳашон: Тоҷикистон ва Ироқ ихроҷ карданд», – хабар дод Хадамоти марзбонии Полша.

Аз аввали моҳи сентябр дар бораи боздошти дастикам 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Полша бо Беларус бо иттиҳоми кумак ба интиқоли паноҳҷӯён хабар дода шудааст. Мақомоти Лаҳистон ҳушдор дода буданд, ки хориҷиёни барои кумак ба интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ дастгиршударо ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ хоҳанд кард.

Полшаву Литва, ду кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи Шенген, як масири умдаи интиқоли муҳоҷирону паноҳҷӯён аз Шӯравии собиқ ба шумор мераванд. Паноҳҷӯёни тоҷик низ асосан аз тариқи Полша ва Литва вориди Иттиҳоди Аврупо мешаванд.

Мақомоти Полша ва Литва мақомоти Беларусро ба ташкили  ҳадафмандонаи мавҷи фазояндаи муҳоҷирону паноҳҷӯён ба Аврупо айбдор мекунанд ва мегӯянд, ҳукумати Лукашенко бо ин роҳ мехоҳад барои пуштибонии Полшаву Литва аз мухолифини беларус интиқом бигирад. Ҳукумати Лукашенкоро аз ҷумла ба он айбдор мекунанд, ки барои интиқоли паноҳҷӯён аз Ховари Миёна парвозҳои мустақимро аз Бағдод ба Минск ба роҳ монда, паноҳҷӯёнро худашон ҳидоят мекунанд, ки ба самти марзи Полша ва Литва сарозер шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button