ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

НАХУСТИН АКСИ ИЗЗАТ АМОН БАЪДИ НИМ СОЛИ БОЗДОШТ

Ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” акси нави Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик расид, ки ба гуфтаи муаллифаш, рӯзи 22 сентябр дар яке аз ҳуҷраҳо дар бинои додгоҳи шаҳри Душанбе сабт шудааст. Ин нахустин акси Иззат Амони 48-coла баъди боздошташ аст.

Иззат Амон, ки моҳи март ба таври мармуз аз Русия оварда шуд,  инак 6 моҳ боз дар Душанбе дар ҳабс қарор дорад. Додгоҳи пойтахт, бино ба иттилои дарёфтӣ, масъалаи боз то ду моҳи дигар тамдид кардани замони боздошти ӯро баррасӣ мекунад. 

Вале як манбаи “Бомдод” гуфт, Иззат Амон пули тақрибан ҳамаи онҳоеро, ки нисбат ба вай даъвои пулӣ доштанд, пардохт кардааст ва танҳо як нафари дигар боқӣ мондааст, ки шояд то ягон рӯзи дигар он ҳам пардохт шавад ва баъди он Иззат Амон бар асоси қонуни афв ба озодӣ барояд. Қонуни афве, ки ба муносибати сисолагии истиқлоли Тоҷикистон қабул шуд,  афви онҳоеро, ки бар асоси моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми қаллобӣ маҳкум шудаанд ё парванда доранд, низ пешбинӣ мекунад, вале ба шарти пардохти маблағи зараре, ки дар парвандаашон дарҷ шудааст.

Иззат Амон рӯзи 25 марти соли ҷорӣ, ҳамагӣ чанд рӯз баъди лағви шаҳрвандии русиаш, ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад ва ду рӯз баъд дар Душанбе “пайдо” шуд. ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш дар УБОП бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебурд ва ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик машғул буд. Ӯ дар баҳори соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод ва дар моҳҳои аввали пандемия як маъракаи густардаи кумак ба муҳоҷирони бекормондаи тоҷикро ба роҳ андохт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button