ВидеоМуҳоҷирон

“ДЕЛИМОБИЛЬ”: САБАБИ ЗИНДА БА ЗИНДА СӮХТАНИ СЕ ТОҶИК ДАР НОВОСОБИРСК МОШИН НАБУД

Хадамоти «Делимобиль» сабаби садамаи марговари субҳи 18 сентябри як мошини ин ширкат, тамғаи “Volkswagen Polo”-ро эълон кард. Мошине, ки дар дохилаш се шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон зинда ба зинда сӯхтанд, ба ширкати ООО «Каршеринг Руссия» тааллуқ доштааст. Намояндагони ширкат мегӯянд, мошини онҳо ягон иллати фаннӣ надошт.

Пиар-директори «Делимобиль» дар ин робита ба нашрияи маҳаллаии NGS.Ru гуфт: “Мошин мошини мост. Як моҳ пеш аз садама ин мошин аз муоинаи фаннии комил гузашта буд ва ягон иллат надошт. Сабаби садама вайрон кардани суръати ҳаракат — қариб 100 км/соат — шудааст ва ба  бордюр бархӯрдани мошин. Дар он лаҳза чанд кас дар мошин буданашро мо намедонем, чунки мо танҳо ҳолати воситаи нақлиётро назорат мекунем. Сабаби садама на мошин, балки баланд будани суръат буд.”

Ёдовар мешавем, соати шаши субҳи 18 сентябр се шаҳрванди Тоҷикистон дар маркази шаҳри Новосибирски Русия дар даруни мошин зинда ба зинда сӯхтанд.

Бино ба иттилои расмӣ, тахминан соати шаши субҳ мошини тамғаи Volkswagen Polo ҳангоми ҳаракат аз тарафи пули Димитров ба самти шоҳроҳи Вокзалная дар назди бинои №2 дар кӯчаи Депутатская ба сутуни чароғ бархӯрдааст. Дар натиҷа мошин оташ гирифтааст ва ҳар се нафаре, ки дар дохили мошин буданд: ронанда ва ду мусофираш зинда зинда сӯхтаанд. Ронанда ҳамагӣ 21 сол ва мусофиронаш 23 ва 31 сол доштаанд.

Бино ба иттилои Владислав Савченков, намояндаи бахши иттилооти ГИБДД, пулиси роҳи Новособирск, танҳо баъди пурра фурӯ нишондани оташ тавонистаанд ҷасадҳои алакай сӯхтаи ин се нафарро берун биоранд. Ҳарсе қурбонии ин садамаи мудҳиш дар маркази Новосибирск шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Исми ҳалокшудагон ҳанӯз нашр нашудааст. Тафсилоти дигари садама маълум нест. Ин ҳам маълум нест, ки ин се шаҳрванди тоҷик соати шаш, дар он субҳи барвақт куҷо мерафтанд?

Пулис гуфтааст, ки ронандаи мошин бо суръати баланд ҳаракат мекард.  Мошин ба як ширкати каршеринг (иҷораи соатакӣ) тааллуқ доштааст ва ронандаи тоҷик онро ба иҷора гирифта будааст.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Садамаҳои нақлиётӣ дар баробари фалокатҳо дар ҷои кор як иллати асосии марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button