АфғонистонВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ БАРОИ ТАРАФДОРӢ АЗ ТОЛИБОН

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми қабул кардани ақидаҳои созмони тундрави Толибон ва омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дастгир кардаанд. Дар ин бора рӯзи 22 сентябр телеграм-канали Baza хабар дод.

Бино ба иттилои Baza, “шаҳрванди Русия Сангчаров ва шаҳрванди Тоҷикистон Мусофир ба ташкили созмони террористӣ дар Екатеринбург  гумонбар мешаванд. Бино ба фарзияи тафтишот, онҳо ончунон моту мабҳути ақидаҳои Толибон шуданд, ки тасмим гирифтанд шуъбаи маҳалли ин соҳмонро ташкил дода, ҳамзамон тарафдорони онро гирд биоранд. Ситоди ин шуъба манзиле дар кӯчаи Свердлов шуда буд. Сангчаров ва Мусофиров дар ин хона бо се зодаи дигари Тоҷикистон мулоқотҳо доир мекарданд.”

Бино ба иттилои ин нашрия, баъди таблиғоти ақидатӣ, ба ташкилкунандагон муяссар шудааст, ки шиносҳои худро ба саффи созмон ҷалб ва ба зарурати анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ба зидди кофирон моил кунанд. Аъзои шуъба хеле зуд аз назария ба амал гузашта, се кило маводи тарканда сохтанд ва онро чанд тақсим карда, дар чанд гӯшаи Екатеринбург пинҳон карданд.”

Вале меафзояд Baza, ба ин панҷгона муяссар нашуд, ки нақшаи худро амалӣ кунанд, чунки ҳамаи онҳоро мақомоти қудратӣ дастгир карданд. Сангчаров ва Мусофировро алакай ба ҳабс гирифтаанд ва бино ба иттилои Baza, ба онҳо то 30 соли зиндон таҳдид мекунад. Боқимонда аъзои шуъбаи Толибонро низ ҳукми тӯлонии зиндон дар пеш аст.

Сангчаров, тавре аз насабаш бармеояд, низ метавонад зодаи Тоҷикистон бошад.

Боздошти зодагони Тоҷикистон дар Екатеринбург  ин нахустин мавриди боздошти тарафдорони Толибон дар Русия баъди Афғонистонро тасарруф кардани ҷангҷӯёни ин ҳаракати тундрави мамнӯъ ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон аст.

Ёдовар мешавем, ҷангҷӯёни Толибон дар аввали моҳи август дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ҳукумати Ашраф Ғаниро, ки аз ҷониби ин эътилоф пуштибонӣ мешуд, сарнагун карда, 33 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон бо шумули пойтахташ, Кобулро тасарруф карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button