Минтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронСиёсатЧеҳраҳо

ПИРӮЗИИ ЯГОНА НОМЗАДИ ТОҶИК БА ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ РАҲИМ АЗИМОВ

Раҳим Азизбоевич Азимов, зодаи Исфараи Тоҷикистон ва ягона номзади тоҷик ба вакилии Думаи давлатӣ, палатаи поёнии парлумони Русия, ки аз ҷониби ҳизби ҳокими “Единая Россия” пешбарӣ шудааст, дар овоздиҳӣ дар ҳавзаи инфиродӣ ё якмандатаи №105 дар вилояти Киров баранда шудааст.  Дар Русия аз 17 то 19 сентябр интихоби 450 вакили Думаи давлатӣ, даъвати ҳаштум ва вакилони маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ ва маҳаллӣ доир шуд.

Комиссияи интихоботии вилояти Киров  дар пайи ҳисобу китоби 100 фоизи варақаҳои овоздиҳӣ эълон кард, ки дар интихоботи вакили Думаи давлатӣ, даъвати  ҳаштум дар ҳавзаи инфиродии №105 Раҳим Азимов   43,77%  овоз гирифта, ҷои дуюмро бо 14,90 % Алберт Бикалюк аз эътилофи ҳизбҳои “Справедливая Россия – Патриоти – За правду” ба даст овардааст. Дар ин ҳавза ҷои сеюм насиби номзади ЛДПР Кирилл Черкасов бо 7,39% овозҳо шудааст.

Раҳим Азизбоевич Азимов  бори аввал соли 2016 аз ҳавзаи якмандатаи Киров аз номи ҳизби ҳокими “Единая Россия” вакили Думаи давлатӣ, даъвати VII интихоб шуда, узви кумитаи амният а мубориза бо коррупсия мебошад. Азимов доктори илмҳои техникӣ ва ягона зодаи Тоҷикистон аст, ки вакили маҷлиси поёнии парлумони Русия интихоб шудааст.

Раҳим Азимов 16 августи соли 1964 дар шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфараи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омадааст. Аммо зодагони деҳаи Найман мегӯянд, асли Раҳим Азимов аз Найман аст ва ҳатто мактаби Найманро ба номи падари ӯ Азизбой Азимов номгузорӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, Раҳим Азимов дар Найман бунёди чандин иншоот, аз ҷумла толори варзишӣ ва варзишгоҳро ба дӯш гирифтааст.

Ӯ соли 1986 Донишкадаи маъдани шаҳри Ленинградро хатм карда, то соли 1991 дар кони ангишти “Воркутинская” кор кардааст.

Ӯ сипас дар бошгоҳи варзишии “Строител”, Намояндаии ҷумҳурии Коми дар Маскав, Роснаркоконтрол, Ростехнологии ва ширкати “Уралхим” кор карда, соли 2002 Академияи дипломатии Русияро низ хатм карда, соли 2004 дар Донишкадаи маъдани Санкт-Петербург рисолаи докториашро ҳимоят кард.  Раҳим Азимов чанд сол дар ин донишкада дарс ҳам медод.

Бар асоси тарҷумаи ҳоли расмиаш, Раҳим Азимов аз лиҳози ақидаи мазҳабӣ мусалмони суннӣ мебошад. Азимов дар аввали солҳои 90 дар Русия издивоҷ кардааст. Ӯву ҳамсари русаш Елена Азимова 3 фарзанд – як духтар ва ду писар доранд.

Моҳи майи соли 2021 мошини Раҳим Азимов дар Маскав дучори садама шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button