ОҒОЗИ ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ АЗ ДОҒИСТОН БА 3 ШАҲРИ ТОҶИКИСТОН
Ширкати ҳавопаймоии S7 Airlines (“Сибир”) аз 23 сентябр ба парвозҳои мустақим байни пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия ва 3 шаҳри Тоҷикистон шурӯъ мекунад Дар ин бора нашрияи доғистонии «Махачкалинские известия» аз қавли дафтари матбуоти фурудгоҳи Махачқалъа хабар дод.
Тибқи ҷадвали парвозҳои моҳи сентябр, парвозҳо аз Махачқалъа ба Душанбе рӯзҳои панҷшанбе соати 22:20 ба вақти Маскав сурат гирифта, аз Душанбе ба Махачқалъа соати 23:20 ба вақти Душанбе (01:20 ба вақти Маскав) анҷом хоҳад шуд. Ҳамин тавр, парвозҳо аз Махачқалъа ба Кӯлоб рӯзҳои ҷумъа соати 08:20 ба вақти Маскав ва парвози баргашт соати 09:50 ба вақти Душанбе (11:50 ба вақти Маскав) сурат гирифта, ҳар шоми ҷумъа соати 19:15 ба вақти Маскав ҳавопаймои “Сибир” аз маркази Доғистон ба шаҳри Хуҷанд ба парвоз хеста, аз онҷо ба Махачқалъа соати 20:15 ба вақти Душанбе (22:15 ба вақти Маскав) бар хоҳад гашт.
Фурудгоҳи Махачқалъа огоҳ кардааст, ки тамоми мусофирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бояд на дертар аз 72 соат то парвоз аз ташхиси коронавирус (ПЦР-тест) гузашта, бо худ ҳатман санад дар бораи натиҷаи манфии ин ташхисро бигиранд. Ин талаб танҳо ба кӯдакони то сесола дахл надорад.
Русия, ки моҳи марти соли 2020 дар оғози пандемияи коронавирус марзҳояшро ба рӯи муҳоҷирон баст, аз 1 апрели соли 2021 ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Чанд моҳи аввал ба истиснои чанд парвози ангуштшумор байни фақат Маскаву Душанбе боқимондаи парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия ба сурати чартерӣ сурат гирифта, нархи чиптаҳояшон хеле баланд буд. Русия аз 27 август ба парвозҳои доимӣ байни ҳамаи шаҳрҳои ду кишвар иҷозат дод ва ҳоло ҳар ҳафта байни Тоҷикистону Русия ҳудуди 100 парвоз анҷом мешавад.
Ин боис шуд, ки нархи чиптаҳо як каме пойин бифарояд, вале ҳамчунон баланд боқӣ мемонад ва тақрибан аз 500 доллар сар мешавад.