МАОШИ ОЛИМОНИ ТОҶИКРО 28% БОЛО БУРДАНД
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 сентябр, қабл аз сафараш ба водии Рашт бо имзои фармони № 251 маоши вазифавии кормандони соҳаи илмро аз 1 сентябри соли 2021 ба ҳисоби миёна 28% боло бурд. Дар фармон гуфта мешавад, ки “андозаи маоши амалкунандаи вазифаии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 мувофиқи замимаҳои 1 ва 2 зиёд карда шавад.” Ба ҳукумати Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки “дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.”
Хадамоти матбуоти президент дар давоми рӯзи 20 сентябр бо нашри як тавзеҳоти алоҳида ба ин фармон гуфт, тасмими боло бурдани маоши кормандони соҳаи илм “бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он” бар асоси натиҷаҳои мулоқоти президент бо олимон дар соли 2020 имзо шуда, дар асоси он маоши кормандони илмӣ ба ҳисоби миёна 28% боло бурда хоҳад шуд. Хадамоти матбуоти президент ин тасмимро “дурандешона” ва “саривақтӣ” номида, навиштаст, ки он “идомаи мантиқии таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони соҳаҳои илму маориф ва олимони кишвар мебошад.”
Эмомалӣ Раҳмон дар чандин мулоқотҳои солҳои ахираш бо олимони тоҷик аз маҳсули, ба ақидаи президент, хеле ночизи муассисаҳои илмии Тоҷикистон интиқод карда, чанд сол пеш ба ҳамин далел Академияи илмҳои кишоварзӣ ва ахиран Академияи илмҳои тибро барҳам дод.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин соли гузашта дар мулоқоташ бо аҳли илм ва зиёиён аз айбдор шудани даҳҳо олими тоҷик ба асардуздӣ башиддат интиқод карда буд. Диссернет, як пойгоҳи ҷамъиятие, ки ҳолатҳои асардуздӣ дар рисолаҳои тавассути ВАК Русия ҳимояшударо таҳқиқ мекунад, то имрӯз ҳудуди 60 олими тоҷикро ба асардуздӣ айбдор кардааст.
Бар асоси омори соли 2019 нашршуда, дар Тоҷикистон 769 доктори илм ва ҳудуди 2800 номзади илм фаъолият мекунанд. Синни 64% онҳо аз 60 боло будааст.
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 сентябри соли 2021, №251 «Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он» ба тасвиб расид.
Фармони мазкур, ки дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат зимни мулоқот бо олимони кишвар соли 2020 баён карда шуданд, амалӣ гардид.
Дар асоси фармони мазкур андозаи зиёдшавии музди маоши амалкунандаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ба ҳисоби миёна 28 фоизро ташкил медиҳад.
Ин иқдоми дурандешонаи Пешвои муаззами миллат саривақтӣ буда, идомаи мантиқии таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони соҳаҳои илму маориф ва олимони кишвар мебошад.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи
вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он
Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, мутобиқи моддаҳои 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 мувофиқи замимаҳои 1 ва 2 зиёд карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 сентябри соли 2021
№251