АфғонистонВидеоСиёсат

ЯК ЗОДАИ ПАНҶШЕР ДАР ҲУКУМАТИ ТОЛИБОН ВАЗИРИ ТИҶОРАТ ТАЪЙИН ШУДААСТ

Рӯзи  21 сентябр ҳаракати тундрави Толибон як идда аз аъзои нави кобинаи муваққати вазиронашро, ки барои роҳбарӣ бар Афғонистон ташкил шудааст, муаррифӣ кард.

Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид эълон кард, ки аз ҷумла тоҷири шинохтаи зодаи Панҷшер Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ  сарпарасти вазорати тиҷорат ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Башир ва Ҳоҷӣ Муҳаммадазим Султонзода, зодагони Бағлон ва Сарипул муовинҳои ӯ таъйин шудаанд.

Чунин ба назар мерасад, ки Толибон бо ин ба мавҷи интиқодҳое, ки 33 узви қаблан эълоншyдаи кобинаи муваққаташон ба бор овард, вокуниш кардаанд. Қарори маълум, аз он 33 узви ҳукумати “аморати исломӣ”и Толибон 29 нафараш пушту, танҳо 3 нафар тоҷик буда, ба ҳукумати Толибон ҳамагӣ як ӯзбек роҳ ёфта буд.

Маншаи дигари тасмими таъйини Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ ба мақоми сарпарасти вазорати тиҷорат метавонад, дар пайи дар муддати ҳамагӣ 10 рӯз ба даст овардани 33 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон, инак як моҳ боз дар Панҷшер, танҳо вилояти таслимношуда гирд мондани Толибон бошад.  Нақшаи Толибон барои тасарруфи барқосои Панҷшер барбод рафт ва болои ин, дар онҷо таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллӣ шакл гирифтааст. Ва акнун бо таъйини як зодаи Панҷшер ба мақоми вазирӣ толибҳо, тавре ба назар мерасад, мехоҳанд заминаи пуштибонии худро дар байни мардуми Панҷшер ва дигар тоҷикҳои Афғонистон қавитар кунанд.

Толибон рӯзи 21 сентябр ҳамчунин Қаландар Ибодро вазири тандурустӣ, Назармуҳаммад Мутмаинро сарпарасти Кумитаи миллии олимпӣ, Наҷибуллоҳро мудири департаменти энержии ҳастаӣ ва чандин нафари дигарро ба мақомҳои муовинат дар вазоратхонаҳо таъйин карданд.

Рӯйхатти пурраи аъзои нави кобинаи муваққати Толибон, ки рӯзи 21 сентябр таъйин шуданд, чунин аст:

• Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ, сарпарасти вазорати тиҷорат

• Ҳоҷӣ Муҳаммад Башир, муовини вазири тиҷорат

• Ҳоҷӣ  Муҳаммад Азим Султонзода, муовини вазири тиҷорат

• Қаландар Ибод, сарпарасти вазорати  тандурустӣ

• Абдулборӣ Умар, муовини вазири тандурустӣ

• Муҳаммад Ҳасан Ғиёсӣ, муовини вазири тандурустӣ

• Мулло Муҳаммад Иброҳим, муовини вазири дохила оид ба масоили амниятӣ

• Мулло Абдулқайюм Зокир, муовини вазири дифоъ

• Назар Муҳаммад Мутмаин, сарпарасти Кумитаи миллии олимпӣ

• Муҷжибурраҳмон Умар, муовини вазири энержӣ ва захоири об

• Ғулом Ғавс, муовини вазири мубориза бо офатҳои табиӣ

• Муҳаммад Фақир, сарпарасти идораи марказии омор

• Ҳоҷӣ Гулмуҳаммад, муовини вазири марзу қабоил

• Гул Зарин Кочай, муовини вазири марзу қабоил

• Арсало Харротӣ, муовини вазири паноҳандагон

• Лутфуллоҳ Хайрхоҳ, муовини вазири маълумоти олӣ

• Наҷибуллоҳ,  мудири департаменти энержии ҳастаӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button