ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ТЕЛЕФОН ДАР “ОБШОРОН” ВА СЕ ҚАЛЛОБӢ ДАР ҶАЙҲУНУ ХУҶАНД ВА ПАНҶАКЕНТ

Ҷавони 19-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки  шоми 14 июл, соати 19, дар назди Маркази дилхушии “Обшорон”, дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби як зани 41-солаи сокини ноҳияи И.Сомонӣ телефони мобилии тамғаи “Ҳонор”, арзишаш 6 ҳазор сомониро дуздидааст.

ххххххххххх

Марди 41-солаи сокини ҷамоати Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар мешавад, ки соли 2016, бо роҳи фиреб ва сӯистифода аз боварӣ аз ҶДММ “Нонпази Нов”-и ноҳияи Спитамен барои фурӯхтан ба маблағи 172 ҳазор сомонӣ ордро насия гирифта, дар ноҳияи Ҷайҳун ба фурӯш задааст, вале пули корхонаро надодааст.

хххххххх

Марди 62-солаи қаблан ҳам барои қаллобӣ ва сохтакорӣ судшуда аз ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафуров  ба он айбдор мешавад, ки аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли 2013, бо роҳи фиреб ба боварии сокини 43-солаи Хуҷанд даромада, бо ваъдаи гирифта додани 8 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз ӯ 28  500 доллар гирифтааст.

ххххххххх

Марди 39-солаи сокини ҷамоати Рӯдакии Панҷакент ба он айбдор мешавад, ки аз аввалҳои моҳи май то августи соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии сокини 30-солаи ҷамоати Ёрӣ даромада, барои пешрафти соҳибкориаш ва оварда додани молҳои калони шоҳдор  аз ӯ 95 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 21 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 19-сола бо ҷурми дуздии телефони мобилӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 14-уми июли соли 2021, тахминан соати 19:00, шахсони номаълум дар назди Маркази дилхушии “Обшорон”, воқеъ дар кӯчаи Ҳ.Шерозии пойтахт бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Хонор”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2016, бо роҳи фиреб ва сӯистифода аз боварӣ аз ҶДММ “Нонпази Нов”-и ноҳияи Спитамен барои фурӯхтан ба маблағи умумии 172 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ордро тариқи насия қабул карда, маҳсулоти ордро ба ноҳияи Ҷайҳун оварда, дар бозорҳои ноҳия фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсияш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, рӯзи 19-уми сентябри соли 2021, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 62-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаҳои 340 қисми 2, 247 қисми 4 ва 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шудааст, ки ӯ якчанд маротиба аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли 2013, бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ш.Хуҷанд даромада, бо ваъдаи гирифта додани 0,08-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз худуди шаҳри Хуҷанд 28 ҳазору 500 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент оғоз карда шудааст, ки ӯ аз аввалҳои моҳи май то моҳи августи соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри мазкур даромада, барои пешрафти соҳибкориаш ва оварда додани молҳои калони шоҳдор 95 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button