ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ДАВУТОЗИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ПУЛКОВО БО 805 ҲАЗОР РУБЛ ДАР ДАСТ

Ҳангоми тафтиши гумрукии мусофирони парвози Санкт-Петербург  – Кӯлоб дар фурудгоҳи Пулково аз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехост тавассути “роҳрави сабз” аз боҷхона (гумрук) гузарад, кормандони боҷхонаи Пулково 805 ҳазору 250 рубл пули нақд пайдо кардаанд. Ин тақрибан 70 ҳазор рубл бештар аз маблағи муодили 10 ҳазор доллари Амрико (ҳудуди 734 ҳазор рубл бо қурби расмӣ)  буд, ки Русия интиқолашро бидуни пур кардани эъломияи гумрукӣ иҷозат медиҳад.

Олга Дятко, сухангӯи боҷхонаи фурудгоҳи Пулково   ҳодисаро чунин нақл мекунад: “Шаҳрванди Тоҷикистон вақте дид, ки қонунҳои гумрукро вайрон кардааст, пулҳояшро ҷамъ кардухост, ки минтақаи назорати гумрукиро тарк кунад. Дар даромадгоҳи “роҳрави сабз” ӯ кӯшиш кард, ки як қисми пулашро ба як дӯсти худ бидиҳад. Вай зоҳиран фикр кард, ки бо чунин роҳ аз вазъияти пешомада мебарояд. Ин шаҳрванд талаби нозири боҷхонаро, ки мегуфт, набояд минтақаи гумрукиро тарк кунад, иҷро накард.”

Дар натиҷа нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон нафақат бо иттиҳоми кӯшиши интиқоли маблағи аз ҳадди мумкин зиёдтари пули нақд парвандаи маъмурӣ кушоданд, балки ба сабаби минтақаи гумрукиро тарк карданаш ӯро ба саркашӣ аз иҷрои амри намояндаи давлат ҳам айбдор карданд. Ҳамин тавр, нисбат ба дӯсташ, ки ин муҳоҷири ноилоҷ мехост як қисми пулашро ба ӯ бидиҳад, бо иттиҳоми вайрон кардани тартиб дар минтақаи назорати гумрукӣ парвандаи маъмурӣ кушодаанд.

Тибқи қонунҳои Русия, маблағи нақди эъломияношуда, яъне 70 ҳазор рубли “зиёдатӣ”-и муҳоҷири тоҷикро метавонанд мусодира кунанд ва барои саркашӣ ҷаримааш банданд. Ба дӯсти ӯ ҳам  барои кӯшиши кумак ба ин муҳоҷир то 500 рубл ҷарима таҳдид мекунад.

Дар майдони шарҳҳои зери ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳо, ҳатто сокинони Русия нисбат ба муҳоҷири бечораи тоҷик дилсӯз кардаанд. Ба ақидаи онҳо, ин муҳоҷири тоҷик ба эҳтимоли ғолиб ҳатто намедонист, ки пулҳояш аз лимит бештар аст ва бояд декларатсияашон мекард. Ва вақте фаҳмид, ки пулҳои бо чӣ қадар азоб дар мулки ғурбат бо обилаи даст аз ҳисоби мардикорӣ ба даст овардаашро мусодира мекунанд, аз ночорӣ танҳо илоҷро дар гирифтану гурехтани пулҳояш дид…

Тоҷикистон аз кишварҳои муҳоҷирфиристест, ки аз пулҳои интиқолии муҳоҷирони кориаш сахт вобаста аст  ва дар амал манбаи асосии таъмини рӯгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон пулҳоест, ки азизони муҳоҷиронашон аз Русия мефиристанд. Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз сокинони Тоҷикистон, ё худ тақрибан нисфи аҳолии қобили кори ин кишвар ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд.

Соли 2020, ҳатто дар авҷи пандемияи коронавирус аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар пул фиристодаанд, ки ин назар ба 2 миллиарду 540 миллион доллар пули ирсолшуда дар соли 2019 ҳудуди 800 миллион доллар ё 32,4%  камтар буд. Вале соли 2021 бо дубора боз шудани роҳҳои Русия ба рӯи мардикорони тоҷик ҳаҷми интиқоли пул аз он кишвар ба Тоҷикистон дигарбора рӯ ба боло овардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button