ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ ЗИРА ВА ЛУБИЁ АЗ МУСОФИРОНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ СУРГУТ

Хадамоти матбуоти Росселхознадзор хабар дод, ки аз аввали моҳи сентябр кормандони ин идора дар фурудгоҳи Сургут ҳангоми тафтиши бағочи мусофироне, ки аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ба шимоли Русия меомаданд, ду мавриди бо худ ба Русия овардани маҳсулоти вайроншударо ошкор кардаанд. “Ташхисҳо нишон дод, ки дар ин маҳсулот ду навъи ҳашароти зараррасон вуҷуд доранд. Ҳамаи маҳсулоти мусодира шуда ( 100 грамм зира ва якуним кило лубиё) бо розигии соҳибонашон дар бухории фурудгоҳ оташ зада шуд”, гуфта мешавад дар иттилоия.

Фурудгоҳи Сургут, ки аз шурӯи пандемия қариб якуним сол барои парвозҳои байналмилалӣ баста буд, аз 27 август қабули мусофирон аз кишварҳои дигарро аз сар гирифт.

Росселхознадзор аз соли 2012 воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои дигарро маҳдуд кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, ҳадафаш аз ин маҳдудиятҳо пешгирӣ аз овардани ҳашароту зараррасон ва микробҳо ба Русия  тавассути меваву сабзавот ва хушкмеваҳост.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button