Хабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЯК РӮЗ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 18 сентябр дар ду садамаи марговар дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара як сокини 29солаи ҳамин деҳа бар асари ба мошини боркаш бархӯрдани сабукраваш  ва дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон   як кӯдаки дусола аз деҳаи Сариқамиш ба ҳалокат расидаанд.

Рӯзи 18-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Эраҷи Фатҳулло, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Хуррамзамин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи боркаши тамғаи “ХОВА”, ки ба Саидов Нурулло, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Ваҳдат тааллуқ дорад ва дар канори рости роҳ беназорат меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашиани тамғаи “Опел-Вектра” Эраҷи Фатҳулло ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 18-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 17:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Форланд”, Сайфуллоев Шарифҷон Саидмуродович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳанаи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Юсуфзода Сабринаи Муҳаммад, соли таваллудаш 2019, сокини деҳаи Сарқамиши ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Юсуфзода С.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button