ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

АМРИКО БА ТОҶИКИСТОН 115 ҲАЗОР ВОЯИ ВАКСИНА ВА 8 ЯХДОНИ УЛТРАСАРД ТАҚДИМ КАРД (5 АКС)

Рӯзи 20 сентябр Амрико тавассути Агентии рушди байналмилалиаш (USAID) ба Тоҷикистон бастаи аввал аз кумакҳои навбатиаш иборат аз тақрибан 115 000 вояи ваксинаи Pfizer-ро тақдим кард. Беш аз 210 ҳазор ваксинаи боқимонда бояд охири ин ҳафта ба Тоҷикистон оварда шавад.

Ин вояҳои ваксинаи Pfizer ба Тоҷикистон як қисми хайрияи ҳукумати АМрикост, ки ки тавассути Маркази дастрасии глобалӣ ба ваксинаҳои алайҳи COVID-19 (COVAX) ба кишварҳои дунё тақдим кардани  500 миллион вояи ваксинаро ваъда додааст.

Ин кумаки хайрия илова ба 1,5 миллион вояи ваксинаҳои Moderna аст, ки Амрикодар поёни моҳи июл ба Тоҷикистон тақдим кард. Ҳамчунин COVAX 461,440 вояи ваксинаи AstraZeneca -ро ба Тоҷикистон дод.

Сафорати Амрико гуфт, илова бар ин, ба Маркази миллии эмгузаронӣ ҳашт яхдони 258-литраи ултра хунук  тақдим гардида, ЮНИСЕФ панҷтои онҳоро алакай насб кардааст. Сафорат бо ифтихор гуфт, ҳукумати ИМА дар технологияе, ки Тоҷикистон бори аввал истифода мебарад, саҳми худро гузоштааст.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм таъкид кард: “Ин ҳадяи нави ваксинаи Pfizer ҳаёти боз ҳам бештари одамонро наҷот хоҳад дод. Ман ифтихор мекунам, ки бо Тоҷикистон барои хотима бахшидан ба пандемия ҳамкорӣ мекунам. Дар якҷоягӣ мо метавонем ба ин офати марговар хотима гузорем ва иқтисодиёти худро барқарор кунем. Мо минбаъд низ ба мардуми Тоҷикистон дар рафъи ин вирус кумак хоҳем кард ва ин бӯҳронро якҷоя паси сар мекунем!”

Сафорат мегӯяд, вояи ваксинаҳо як қисми кумаки иловагии ҳамоҳангшуда барои таҳкими системаи тандурустии Тоҷикистон мебошанд: хариди маводҳои таъҷилӣ, ки ба пешгирӣ ва назорати сироят мусоидат мекунанд; беҳтар намудани иқтидори лабораторияҳои Тоҷикистон; беҳтар кардани назорат, вокуниш ва назорати беморҳои COVID-19; рушд ва густариши фарогирии тандурустӣ, иртиботи хатар ва иштироки ҷомеа; ва дастгирии густариши ваксинаи COVID-19.

“Бемориҳо сарҳад надоранд. Иёлоти Муттаҳида ҳамкориро бо Тоҷикистон идома хоҳад дод, то пандемияи COVID-19-ро коҳиш диҳад, таъсири харобиовари иҷтимоӣ ва иқтисодии онро кам намояд ва ҷаҳонро барқарор кунад, то ки барои хуруҷи оянда боз ҳам беҳтар омода бошад”, таъкид шудааст дар иттилоияи сафорати Амрико.

Бино ба омори вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон то имрӯз ҳудуди 5 миллион вояи ваксинаи зидди коронавирусро ройгон дарёфт карда, бо шарофати ин кумакҳо алакай беш аз 2 миллион аз 5,8 миллион аҳолии калонсоли Тоҷикистон ҳадди ақал як вояи ваксина ва беш аз як миллион нафар ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд. Тоҷикистон гирифтани ваксинаи зидди коронавирусро барои шаҳрвандони аз 18 боло ҳатмӣ эълон кардааст ва барои анҷоми пурраи маъракаи ваксинзанӣ ба тақрибан 12 миллион вояи ваксина эҳтиёҷ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button