ВидеоДин ва боварҳо

АБДУВАЛӢ, НАБЕРАИ МАВЛАВИИ ҲИНДУСТОНӢ ДАР ДУШАНБЕ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Як набераи духтарии рӯҳонии машҳури асри 20 Мавлавии Ҳиндустонӣ рӯзи 17 сентябр дар манзилаш дар маҳаллаи Бедил (cобиқ “Шёлккомбинат”), дар наздикии пули фурудгоҳи Душанбе вафот кардааст. Эшони Абдувалӣ дар хонае, ки аз Мавлавии Ҳиндустонӣ мерос монда буд, зиндагӣ мекард.

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Эшони Абдувалӣ рӯзи ҷумъа дар дармонгоҳ (поликлиника)-и №5, ки ба сокинони маҳаллаву кӯчаҳои атрофи фурудгоҳ хидмат мерасонад,  вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифта буд, вале чанд соат баъди тазриқ ҷон дод. Ӯ гуфт, азбаски мутахассис нест, ташхис дода наметавонад, ки оё  ягон асароти ваксина иллати марги набераи Мавлавии Ҳиндустонӣ шудааст ваё марги  ӯ баъди тазриқ як амри тасодуф буд?

Мавлавии Ҳиндустонӣ як духтар дошт. Ӯ аз ин духтараш ба ҷуз аз Абдувалӣ набераи дигаре бо номи Бахтиёр дорад. Абдувалӣ ва Бахтиёр бо вуҷуди аз табори чунин рӯҳонии пурнуфуз буданашон худ рӯҳонӣ нашуданд.

“Қории мураттаби Қуръон буданд, албатта, вале аз аҳли авом дониста мешуданд, на аз уламо. Бо ин вуҷуд, ба сабаби обрӯе, ки бобои онҳо дар муҳити динии Тоҷикистон дошт, набераҳои Мавлавии Ҳиндустонӣ низ аз обрӯву нуфузи зиёде дар байни мардум, бахусус миёни уламое, ки парвардаҳои мактаби бобояшон буданд ваё аз кӣ будани Мавлавӣ хабар доштанд, бархӯрдор буданд”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ соли 1892 дар деҳаи Чорбоғ  дар канори шаҳри Қӯқанд дар водии Фарғона ба дунё омада, дар 14-солагӣ Қуръонро дар назди қориёни машҳури Қӯқанд ҳифз кард. Аз синни 16 дар Бухоро, Мазори Шарифу Ҷалолободи Афғонистон ва Аҷмири Ҳиндустон таълимро идома дода, аз ҷумла 10 сол дар Мадрасаи олии усмонияи Аҷмир 10 сол таҳсил намуда, соҳиби шаҳодатномаи таҳсилоти олии исломӣ шудааст. Дар умум тақрибан 20 соли умри ӯ сарфи таҳсил дар Афғонистон ва Ҳиндустон шуд.

Мавлавӣ соли 1928 ба Ҳаҷ рафта, соли 1930 ба зодгоҳаш баргашт. Дар ин муддат аморати Бухоро суқут кард ва давлати Шӯравӣ рӯи кор омад. Азбаски даврони таъқиботи сталинӣ сар шуда буд, Мавлавиро  низ зиндонӣ карданд. Танҳо бо оғози Ҷанги бузурги ватанӣ дар соли 1941 Мавлавиро аз маҳбас озод карда, ҳамчун сарбоз ба ҷанг фиристоданд. Ӯ соли 1944, баъди захмӣ шуданаш дар муҳорибаҳо барои шаҳри Минск ба хона ҷавоб дода шуд. Мавлавӣ як муддат дар Русия монд, вале баъди онки дигарбора зиндонаш карданд. Ӯ дар умум дар даврони Сталин 10 солро пушти панҷара ба сар бурда, соли 1955, алакай баъди марги Сталин мавриди афв қарор гирифта, озод шуд ва ба Душанбе омад.

Худи Мавлавии Ҳиндустонӣ дар мавриди зиндонӣ шуданаш мегӯяд: «Ман се бор зиндонӣ шудам ба ҷурми ин ки гӯё бар хилофи давлат дар байни мардум ташвиқ карда бошам. Дар маротибаи аввал як сол ва дар маротибаи дуввум се сол ва дар мартабаи сеюм 25 сол доданд.»

Мавлавӣ дар Душанбе то охири дар маҳаллае дар наздикии «Шёлккомбинат» зиндагӣ мекард. Ӯ дар Душанбе ба таври махфӣ яке аз бузургтарин таълимгоҳи улуми диниро дар хонааш ба роҳ андохта буд ва аксари уламои матраҳи Тоҷикистон, аз ҷумла Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, Эшони Саидашраф, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Эшони Нуриддинҷон, Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, Махдуми Исмоил,  Мавлавӣ Абдулҳай, Махдуми Бурҳониддин, Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, Мавлавӣ Муҳаммадқосим, Махдуми Убайдуллоҳ, Эшони Маҳфузуллоҳ ва дигарон аз шогирдони мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ дониста мешаванд.

Мавлавии Ҳиндустонӣ соли 1989, дар синни 97 аз олам чашм пӯшид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button