ВидеоКоррупсия

РӮИ ДИГАРИ ҚОНУНИ АФВ: ЗАМИНФУРӮШИ №1 НОҲИЯИ ВАХШ БА ОЗОДӢ БАРОМАД

Қосим Давлатов, раиси собиқи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш, ки тоза рӯзи 7 августи соли ҷорӣ ба ҳабс гирифта шуд, субҳи 19 сентябр аз боздоштгоҳи воқеъ дар маҳаллаи Ломоносови шаҳри Бохтар (дар назди пойгоҳи 201-уми Русия, дар рӯбарӯи собиқ тарабхонаи “Шабу рӯз”) ба  озодӣ баромад. Наздикони Қосим Давлатов гуфтанд, ки ӯ бар асоси қонуни афв озод шудааст.

Ҳанӯз як моҳ пеш, рӯзи 7 август, вақте Қосим Давлатовро ба ҳабс гирифта буданд, барояш ваъда дода буданд, ки ҳадди аксар як моҳ пушти панҷара хоҳад нишаст ва баробари қабули қонуни афв озодаш хоҳанд кард. Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, барои ин як моҳ Қосим Давлатов як ҳуҷраи ба қавли маъруф “люкс” –ро дар боздоштгоҳи Ломоносов бо нархи 5 ҳазор доллар ба “иҷора” гирифта будааст.

Раиси ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш Қосим Давлатов моҳи марти соли ҷорӣ ҳамроҳи раиси кумитаи замини ноҳия бо номи Ҳоҷӣ Зафар ва писари Сафар, бародари соҳибкори шинохта Нусратулло Файзуллоев, раҳбари корхонаи “Ресанда” дар шаҳри Бохтар дастгир шуд. Ҷияни Нусрат дар кумитаи замини вилояти Хатлон масъули умури заминҳои ноҳияи Вахш будааст.

Боздошти ин се нафар дар пайи сафари як комиссияи вижаи Додситонии кулли Тоҷикистон ба ноҳияи Вахш ва ошкор шудани фурӯши ғайриқонунии даҳҳо гектар қитъаҳои замин сурат гирифт.  Гуфта мешавад, ки додситонӣ зарари расондашуда ба давлат аз ҷониби Қосим Давлатов ва шарикони ӯро 3 миллиону 750 ҳазор сомонӣ баровард кардааст.

Вале аҷиб он буд, ки ба фарқ аз Ҳоҷӣ Зафар ва ҷияни Нусрат Қосим Давлатов аз моҳи март то август ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташ дар озодӣ қарор дошт. Наздиконаш мегуфтанд, ки ӯ барои онки ҳабс нашавад, ҳамчун ҷуброни зарари расондааш гӯё 2 миллиону 480 ҳазор сомонӣ супурдааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар поёни соли 2019 низ Қосим Давлатов, ки он вақт заминсози ҷамоати Ваҳдат буд, ҳамроҳи  писараш Давлатов Сироҷ, ки дар Кумитаи замини ноҳияи Вахш кор мекард, бо иттиҳоми коррупсия ҳангоми гирифтани пора аз як шаҳрванд дар ивази ҷудо кардани қитъаи замин ба даст афтода буданд. Аммо ҳамагӣ ду рӯз баъди боздошти падару писар аввал Қосим Давлатовро аз боздошт ҷавоб доданд. Як рӯз баъди ӯ писараш Сироҷ Давлатов низ озод шуд.

Сокинон бар ин бовар буданд, ки ин парванда зоҳиран “обу лой” шудааст ва амали коррупсионии ин ду мансабдорро амали коррупсионии боз ҳам бузургтар рӯйпӯш кардааст.

Дар ҳар сурат, падару писар Давлатовҳо нафақат аз ҷавобгарӣ озод шуданд, балки ҳарду ба ҷойҳои кори қаблии худ баргашта, оромона ба корашон идома давом доданд ва баъди чаенд моҳ Қосим Давлатов ҳатто ба вазифаи баланди раиси ҷамоат таъйин шуд.

Сокинон ҳамон вақт мегуфтанд, ки ӯ ин вазифаро пули калон дода харидааст.

Ва аммо боз як ҳабси кӯтоҳ ва ин дафъа афв шудани раиси ҷамоати Ваҳдат дар ҳолест, ки тақдири даҳҳо хонаи дар заминҳои ҷудокардаи ӯ сохташуда дар ҳаво муаллақ боқӣ мемонад. Тибқи қонун, ин хонаҳоро бояд чаппа кунанд ва заминро “ба ҳолати аввалааш баргардонанд.” Вале бисёриҳо дар ин хонаҳо алакай зиндагӣ доранд ва метарсанд, ки дар сурати чаппа кардани хонаҳояшон онҳо дар кӯча бесарпаноҳ хоҳанд монд.

Қонуни афви ахир дар Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябр ба пешвози сисолагии истиқлоли ин кишвар қабул шуд ва бояд ҳудуди 15 ҳазор нафарро фаро бигирад.

Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  қариб 9 ҳазор гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ тақсимшударо “ба ҳолати аввалааш баргардонданд.”

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода моҳи июл  дар нишасти хабариаш эътироф кард, ки замин имрӯз мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст. Мо кормандони беинсофро аз кор меронем ва ҷазо медиҳем. Аз тарафи дигар, кадрҳои бовиҷдон ва саводнок намерасанд.” Ориф Хоҷазода гуфт, дар мақомоти прокуратура дар робита ба муомилоти ғайриқонунӣ бо қитъаҳои замин 134 парванда боз шуда, дар ин парвандаҳо номи 11 корманди кумитаи замин, 40 корманди корхонаи “Сабти амволи ғайриманқул” ва 15 заминсозони ҷамоатҳо зикр мешаванд.Ӯ хабар дод, ки ахиран 8 раиси кумитаҳои идораи замини маҳаллӣ ва 9 директори корхонаҳои фаръии “Сабти амволи ғайриманқул” барои роҳ додан ба қонуншиканӣ аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button