ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назарСиёсат

ПЕШНИҲОДИ “НАФАҚАХӮР ДОСТИЕВ”: НОМИ ИСКАНДАРКӮЛ БА КӮЛИ РАҲМОН Ё РАҲМОНКӮЛ ИВАЗ КАРДА ШАВАД

Абдулмаҷид Достиев, муовини собиқи раиси парлумон ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Маскав, дар як нома, ки дар нашрияи “СССР” чоп шуд, аз президент Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонии ӯ бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолият” изҳори сипос карда, пешниҳод кардааст, ки ба муносибати ин ҷашн номи Искандаркӯл ба кӯли Раҳмон ё Раҳмонкӯл иваз карда шавад.

Достиев, ки  номаашро хоксорона ҳамчун “Абдулмаҷид Достиев, нафақахӯр” имзо кардааст, дар мактубаш бештар аз он изҳори пушаймонию надомат мекунад, ки рӯзи 31 август, вақте ки Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ нишони ҷашниро месупорид, ба ӯ изҳори сипос нокарда, хомӯш рафта ба ҷояш нишаст.  “Ман гуфтаниҳо доштам”,  навиштааст Достиев ва афзудааст: “Ростӣ, ҳангоми медалгириву шунидани суханҳои Ҷаноби Олӣ, хостам, барои миннатдорӣ  ба муҳтарам Президент, чанд сухан гӯям, аммо аз ҳузури баъзеҳо, ки замони ба сухани неки онҳо ниёз буд, вале дигар мавқеъ доштанд ва ҳоло шукри обрӯву эътибори ҷаҳонӣ пайдо кардани Давлати милливу Ҳукуматамон, хушгӯй шудаанд, мабодо баъди суханҳои ман чорабиниро ба бозор табдил надиҳанд гуфта, хомӯш ба ҷоям баргашта, нишастам.”

Достиев менависад, Эмомалӣ Раҳмон “ҳангоми ба ман супурдани мукофот, илова ба суханҳои нек, иброз доштанд, ки “имрӯз танҳо ба хотири саломатии шумо (албатта, ҳамаро дар назар доштанд), зиёфат намеороем”. Ин гуфтаҳо ба мағзу устухонам кора кард ва хостам бигӯям, ки шукри Шумо-Пешвои миллат, зиёфатҳои зиёдатонро дар Ватану берун аз он, ҳатто сари миз ҳамроҳатон, дар ҳузури президентон ва шоҳу амирони кишварҳои абарқудрат низ он қадар зиёд хӯрдаам, ки 1 умр сипосгузорам. Ҳатто дар ҳолати бе хонаву дар мондан бо аҳли байтам, ки баъзан намедонистам фарзанду бародару хоҳаронам дар куҷоянд, нону намаки  додаатону ҳар бор “фарзандонатро гирифта, ба хонаи мо омада, зиндагӣ кун”, -гуфтанатону баъди Роҳбари вилоят интихоб гардиданатон, аҳли оилаамро дар шаҳри, на ин ки барои кӯлобиҳо, балки барои миллату халқиятҳои гурезашудаи водии Вахш ҷонбахшу паноҳгоҳ – Кӯлоби бузург, сарҷамъ карда, хона доданатонро, на ман, на фарзандонам, наберагонам ва Худо хоҳад, ояндагонам, фаромӯш намекунем, зеро тоҷики асилем, на “селоваи бе аҳлу насаби аз куҷое омада”. Аз ин рӯ, кӯрнамакӣ бароям бегона аст. Шукри Шумо, ҳаволаи душмантарошони ғайр низ ба Худо, ҳоло бо истифода аз компютеру телефонҳои замон, агар аз Худо натарсӣ, ҳама дасисаро кардан мумкин аст, ки ин пешаи “кирмҳои даруни чӯб” аст.

Вале Достиев шарҳ надодааст, ки  манзураш аз “кирмҳои даруни чӯб”, ки гӯё байни ӯву Эмомалӣ Раҳмон дасиса бофтаанд ва сабаби чанд рӯз баъди гирифтани мукофот ба чунин шакл аз тариқи матбуот ба президент изҳори сипос кардани ӯ шудааст, кистанд?

Ӯ дар идома каме аз зиндагии сахташ дар Кӯлобу ба ҷои либосҳои кандагиаш костюми раиси вақти он шаҳр Тошмат Назировро  пӯшида, ба иҷлосияи парлумон рафтанашро нақл карда, сипас ба таърихи юриши Искандари Мақдунӣ ба Осиёи Миёна, хиёнати Ороба, ки сари Спитаменро аз тан ҷудо карда, ба Искандар ҳадя овард ва духтараш Рухшонаро ҳам ба ин лашкаркаши истилогар бахшид, пардохтааст.

 Ӯ онҳоеро, ки солҳои 90 Тоҷикистонро ба домани ҷанг кашонданд, ба ҳамон Оробаҳои замони Искандар монанд карда, аз он изҳори ҳайрат кардааст, ки  “Овоздорони” замон, ҳомиёни дин Александри хуни форсҳо рехтаро Ҳазрати Искандар номида, оробаҳои ватанфурӯш, аз тарси ҷон, аниқтараш, аз тарси бе мансаб мондан, кӯлро ба номи ҳамон хунхӯр – Искандаркӯл ном мегузоранд. Чӣ кори ғалатие, ҷои хуни рехтаи гургро ба номи гурги хунхӯр мондан? Ин кӯлро бояд тағйири ном кард!”

Достиев дар идомаи номааш ба тавсифи Эмомалӣ Раҳмон пардохта, менависад, “пас аз рӯи инсоф мебуд, агар  бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кӯли мазкур номи «Кӯли Раҳмон» монем.

Ба ақидаи Достиев, бо табдили номи Искандаркӯл, “аввал ин ки, дар тӯли таърихи тоҷикон касе аз шоҳу амиру дигар роҳбарон, чун Пешвои миллат ҳастии худро барои аз нестшавӣ ҳифз сохтану пойдории давлати миллӣ набахшидааст ва арзандатарин аст. Дуввум, харитаи Ватани азизамон аз номи боз як аҷнабии ғосибу бадгуҳар-Искандари Мақдунӣ пок мегардад.”

“Дар интиҳо, ҳоло ки ба ғайр аз намояндаи миллати давлатсоз будан дигар ваколат надорам, хоҳиш мекунам, таклифамро қабул намоеду рӯи харитаи кишвар, ҷои Искандаркӯл, номи фарзанди асили миллат-Кӯли Раҳмон ё Раҳмонкӯл сабт гардад”,  навиштааст Достиев дар анҷоми номааш.                                                                                                

АБДУМАҶИД ДОСТИЕВ: УМРЕ АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ШУКРГУЗОРАМ…

Бознашр аз “СССР”

Сулҳи мо дарвоқеъ 2 ҷониб дорад

1. Хиради азалии миллат. 

2. Ғурури миллии Пешвои Миллат!!!

31.08.2021. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигарон мукофоти давлатӣ-медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба ман низ супориданд. Ҷаноби Олӣ ба ҳама, бахусус, нисбат ба калонсолон суханҳои нек гуфта, аз ҷумла, ҳангоми ба ман супурдани мукофот, илова ба суханҳои нек, иброз доштанд, ки “имрӯз танҳо ба хотири саломатии шумо (албатта, ҳамаро дар назар доштанд), зиёфат намеороем”. Ин гуфтаҳо ба мағзу устухонам кора кард ва хостам бигӯям, ки шукри Шумо-Пешвои миллат, зиёфатҳои зиёдатонро дар Ватану берун аз он, ҳатто сари миз ҳамроҳатон, дар ҳузури президентон ва шоҳу амирони кишварҳои абарқудрат низ он қадар зиёд хӯрдаам, ки 1 умр сипосгузорам. Ҳатто дар ҳолати бе хонаву дар мондан бо аҳли байтам, ки баъзан намедонистам фарзанду бародару хоҳаронам дар куҷоянд, нону намаки  додаатону ҳар бор “фарзандонатро гирифта, ба хонаи мо омада, зиндагӣ кун”, -гуфтанатону баъди Роҳбари вилоят интихоб гардиданатон, аҳли оилаамро дар шаҳрӣ, на ин ки барои кӯлобиҳо, балки барои миллату халқиятҳои гурезашудаи водии Вахш ҷонбахшу паноҳгоҳ – Кӯлоби бузург, сарҷамъ карда, хона доданатонро, на ман, на фарзандонам, наберагонам ва Худо хоҳад, ояндагонам, фаромӯш намекунем, зеро тоҷики асилем, на “селоваи бе аҳлу насаби, аз куҷое омада”. Аз ин рӯ, кӯрнамакӣ бароям бегона аст. Шукри Шумо, ҳаволаи душмантарошони ғайр низ ба Худо, ҳоло бо истифода аз компютеру телефонҳои замон, агар аз Худо натарсӣ, ҳама дасисаро кардан мумкин аст, ки ин пешаи “кирмҳои даруни чӯб” аст.  

Вақте ман паноҳанда будам…

Дар зодгоҳи аҷдодиям вилояти Кӯлоб, дӯстони зиёди нонхӯру намакхӯр ва хело қабл бо Шумо шинос шудан, ошноҳои “бародаргашта» доштам. Чанд нафарашон дар идораҳои бонуфузи вилоят кор мекарданд ва ҳангоми тасодуфан во хӯрдан, канораҷӯӣ мекарданд ва ё бегонавор салом дода, намепурсиданд, ки аз куҷо омадию куҷо меравӣ? Истисно Тошмат Назирович Назиров, раиси комиҷроияи замони шаҳри Кӯлоб, ки бо ӯ на он қадар шинос будам, аммо ҳуҷраеро аз идораи ЖЭУ-и шаҳр ба аҳли оилаам доданд. Инчунин, ӯ бо хоҳиши Шумо, аз фурудгоҳи шаҳр, қабл аз сафар барои иштирок кардан дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ба хонааш бурда, ба ҷои либосу пойафзоли даридаам, либосу пойафзоли наву қиматбаҳои худро дод. Пеши мардуми асили дар ҳама давру замон қаҳрамони Кӯлоб, ки дар муҳосира, нимсеру нимгурусна будани худу фарзандонашон нигоҳ накарда, ба гурезагони водии Вахшу шаҳри Душанбе, аз ҷумла, ба ману фарзандонам нони бе он ҳам ками доштаашонро тақсим мекарданд, сари таъзим фуруд меорам. Зеро ҳолати дар боло зикршудаи ҳаётам доимо дар ёдам ҳаст. 

Искандаркӯл тағйири ном кунад!!!

Александр Македонский зидди форсҳо лашкар кашида, мардуми бегуноҳи зиёдро аз дами шамшер гузаронида, то Панҷакати ҳозира расид. Дар он ҷо ба муқовимати сахти мардуми одӣ, бо роҳбарии қаҳрамони мардумӣ Спитамен рӯ ба рӯ шуд. Хушбахтона, мардуми одӣ нангу номусро гум накард. 

Ороба, ки духтараш Рухшонаро ба қаҳрамони замон Спитамен хонадор, аниқтараш, тел карда буд, ҳамчун хеши наздик ҳамроҳи духтараш ба хаймаи (ҷои хоби махфӣ) Спитамен даромада, шабона дар хобаш сари ӯро бурида, болои лаълӣ оварда, ба пеши пои Александр гузошта, духтараш-зани Спитаменро ба қазияҳалкуни нав тел мекунад. Дар натиҷа, Александр лашкари бефармондеҳро бо маслиҳату дастгирии хусури наваш Ороба рахна мекунад. Аммо мардум аз амали хоинонаву разили Ороба ба нанг омада, ба по мехезанд ва садди роҳи Александр мешаванд. Қисса кӯтоҳ, бо дарназардошти дар соҳилҳои дарё ҷойгиршавии деҳаҳову дар баландӣ мавҷуд будани кӯли калони сероб, бо маслиҳати оробаҳои хоин, аскарони Александр шабона ноаён рафта, пеши обро сӯи поён мекушоянд. Об аз боло то поён деҳаҳоро бо мардум шуста мебарад. “Овоздорони” замон, ҳомиёни дин Александри хуни форсҳо рехтаро Ҳазрати Искандар номида, оробаҳои ватанфурӯш, аз тарси ҷон, аниқтараш, аз тарси бе мансаб мондан, кӯлро ба номи ҳамон хунхӯр – Искандаркӯл ном мегузоранд. Чӣ кори ғалатие, ҷои хуни рехтаи гургро ба номи гурги хунхӯр мондан? Ин кӯлро бояд тағйири ном кард!

Пешниҳоди ман…

Феврали соли навадуми асри пешин чанд худхоҳ ва “тезпазак”-у мансабталаби “тасодуфи”- е, ки дар натиҷаи хатоии сиёсати кадрии роҳбарияти РСС Тоҷикистон ба сатҳи ҷумҳурӣ омада, чун “балои аз таги по хеста”,  мардуми содаро гумроҳ карда, ба ноҷуриҳои оммавӣ хезондаву бо исломигароҳо пайвастаанд, ҷанги шаҳрвандиро оғоз бахшиданд. Бо ин амал онҳо хавфи боз бе давлат мондану парокандагии миллатро ногузир сохтанд. Хушбахтона, мардуми бонангу бономусамон алайҳашон бархеста, бисёриҳо қурбон ҳам шуданд ва ба бахти мо тоҷикон, нафареро Сарвари давлат интихоб карданд, ки таҳдиди марговару ногузирро бартараф карда, кишвари ҷангзадаро ба яке аз кишварҳои ободу дар ҳама ҷода намоён расонд. Ин кас яке аз абармардони машҳури ҷаҳон, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Пас аз рӯи инсоф мебуд, агар 

бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кӯли мазкур номи «Кӯли Раҳмон» монем.

Аввал ин ки, дар тӯли таърихи тоҷикон касе аз шоҳу амиру дигар роҳбарон, чун Пешвои миллат ҳастии худро барои аз нестшавӣ ҳифз сохтану пойдории давлати миллӣ набахшидааст ва арзандатарин аст. Роҳбарони то даврони Ҳукумати Шӯравӣ доштаамон, дар вақти таҳдиде ба пойдории давлату миллат омадан, дороии хазинаи давлатро ғорат карда, миллатро партофта мегурехтанд.

Дуввум, харитаи Ватани азизамон аз номи боз як аҷнабии ғосибу бадгуҳар-Искандари Мақдунӣ пок мегардад.  

Ман гуфтаниҳо доштам…

Ростӣ, ҳангоми медалгириву шунидани суханҳои Ҷаноби Олӣ, хостам, барои миннатдорӣ  ба муҳтарам Президент, чанд сухан гӯям, аммо аз ҳузури баъзеҳо, ки замони ба сухани неки онҳо ниёз буд, вале дигар мавқеъ доштанд ва ҳоло шукри обрӯву эътибори ҷаҳонӣ пайдо кардани Давлати милливу Ҳукуматамон, хушгӯй шудаанд, мабодо баъди суханҳои ман чорабиниро ба бозор табдил надиҳанд гуфта, хомӯш ба ҷоям баргашта, нишастам. 

Дуруст аст, ки Пешвоямон “ба гузашта салавот” гуфтаанд, барои ҳамин ҳам, касе барои амалҳои  зишти гузаштааш, муҷозот намешавад, аммо доим бояд донист, ки дар ҳолатҳои барои миллати тақдирсоз  кӣ ба чӣ кор қодир буд. Барои мисол, баъди қабули санади ҳамдигарбахшиву авфи саросарӣ, яъне ба гузашта салавот гуфтанҳо, аксарияти ҷонибдорону размандагони гумроҳшудаи  мухолифин, шукргузорона, аз пайи зиндагии худ шуда, барои ободии мулк софдилона меҳнат карда истодаанд, аммо бархе аз кӯрнамакон то ба ҳол ба қавли додаашон содиқ намондаанд. Бархе ба ҷои шукр кардан, ки давлат ҳатто аз гуноҳҳои мудҳишашон гузашту авфашон кард, боз ба амалҳои зишт пардохтаанд… 

Дар интиҳо, ҳоло ки ба ғайр аз намояндаи миллати давлатсоз будан дигар ваколат надорам, хоҳиш мекунам таклифамро қабул намоеду рӯи харитаи кишвар, ҷои Искандаркӯл, номи фарзанди асили миллат-Кӯли Раҳмон ё Раҳмонкӯл сабт гардад.                                                                                               

Абдумаҷид Достиев,

нафақахӯр

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button