
Ситораи шинохтаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё дар канали расмиаш дар Ютуб таронаи худро бо номи “Бизан дутора” нашр кардааст. Ин таронаро, бо вуҷуди он ки дар формати МП3, яъне танҳо садо сабт шудаасту клип надорад ва танҳо бо ду акси Шабнам зиннат дода шудааст, дар байни 18 рӯз алакай беш аз як миллион нафар тамошо кардаанд ва суръати баланд шуданаш ба зинаҳои маъруфият баёнгари он аст, ки “Бизан дутора” бо оҳанги шӯх, навои дутор ва матни сабукаш метавонад ба яке аз таронаҳои пуртамошобини Шабнами Сурайё табдил ёбад.
Бигуфтем бебаҳона,
Бо як шӯру шарора.
Шакар дар лаби ҷонон
Чӣ ширин мазза дора.
Мефорат, намефора,
Чашми нам шӯрӣ дора.
Ишқи бачаи сармаст
Ба Шабнам зӯрӣ дора.
Биё,бизан дутора,
Дутори кокулдора.
Шояд нағмаи дутор
Сирри дилма бурора.
Тавре ба назар мерасад, Шабнами Сурайё дар таронаҳои ахираш ба сабки аввалаи худ бармегардад. Шабнам дар аввали солҳои 2000 бо ҳамин сабки наздик ба таронаҳои халқӣ вориди саҳнаи эстрада шуда буд.
Се моҳ пеш ӯ таронаеро бо номи “Романтикӣ” низ дар ҳавои оҳанги мардумӣ ва дар сабки давраи ҷавониаш, ки он вақт ӯ бештар таронаҳои халқиро месароид, иҷро карда буд. Ин таронаро дар канали Шабнам дар Ютуб якуним миллион нафар тамошо кардаанд.
Шабнами Сурайё аз он овозхонҳои тоҷик аст, ки дар байни зодагони Афғонистону Эрон низ аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор мебошад. Аксари таронаҳои ӯ хеле зуду осон дар Интернет марзи як миллион тамошобинро тай мекунанд ва чанд таронааш марзи 5 ва ҳатто 10 миллион тамошобинро ҳам пушти сар гузоштаанд.
Охирин таронаи пуртарафдори Шабнам “Таролла Далли” буд, ки ҳамроҳ бо ситораи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова иҷро кардааст. Ин таронаро дар ду сол танҳо дар канали худи Шабнам дар Ютуб беш аз 11 миллион нафар тамошо кардаанд. Ва ин ҳам бо вуҷуди он ки Шабнам ва Юлдуз танҳо шакли садоии ин таронаро дар формати МП3 нашр кардаанд.
Шабнами Сурайё 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Модари ӯ Сурайё Қосимова ва як хоҳари дигараш Фарзонаи Хуршед низ аз овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистонанд. Шабнам духтари дуюми Сурайё Қосимова мебошад.
Шабнами Сурайё соли 2004 пой ба саҳна гузошт ва баъди шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани таронаи “Ҳанӯз аввали ишқ аст” ба яке аз пуртарафдортарин ситораҳои эстрадаи тоҷик табдил ёфт.
Шабнами Сурайё чандин сол паи ҳам ҷоизаи “Big Apple” барои беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистонро ба даст оварда, ҳар сол дар Аврупову Амрико консертҳо мегузорад. Аммо дар консертҳои расмӣ ва дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон таронаҳои Шабнами Сурайё тақрибан садо намедиҳанд.
Шабнами Сурайё соли 2014 ҳамроҳи хоҳаронаш Фарзонаи Хуршед ва Бибирӯзигул ва духтараш Шарифамоҳ сафари Ҳаҷҷи умра карда буд ва баъди зиёрати Маккаву Мадина чанд сол дар саҳна бо ҳиҷоб ҳунарнамоӣ мекард. Аммо дар аксу клипҳову консертҳои ахирашон Шабнаму Фарзона дигарбора бо либосҳои аврупоӣ зоҳир мешаванд.