ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

МАВЛАВӢ АБДУЛЛОИ ЯЗГУЛОМӢ ПАНҶ СОЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД (ВИДЕО)

Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ

Додгоҳи шаҳри Хоруғ Абдуллобек Қувватбеков, маъруф ба Мавлавӣ Абдуллои Язгуломиро барои “даъват ба ифротгароӣ тариқи Интернет” ба муҳлати панҷ сол ва ду шогирдашро ба чорунимсолӣ равонаи зиндон кард. Наздикони Қуваватбеков ҳукмро ноодилона хонданд.

Як манбаъ аз додгоҳи Хоруғ рӯзи 17-уми сентябр ба шарти зикр накардани номаш гуфт, ду тан аз шогирдони ӯ низ ба чорунимсолии зиндон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи ӯ, Имомиддин Алиев ва Назриддин Шукуров ҳамдеҳагони Абуллобек Қувватбеков буданд.

Мавлавӣ Абдуллои Язгуломӣ бо дархости мақомоти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нимаи моҳи июн дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буд.

Қувватбек Қувватбеков, бародари Абдуллобек рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар додгоҳ ӯ ҳукмро ноодилон хонд.

“Дар сухани охираш гуфт, ки фақат барои давлату кишвараш хизмат кард ва вақте президент гуфт, ки ҷавонони донишҷу аз Эрон оварда шаванд, даҳҳо нафар бо ташвиқи ӯ баргаштанд. Дар маъракаи даъвати ҷавонон ба артиш ҷавонони деҳаро даъват мекард, ки ба хизмат раванд. Ӯ гуфт, ки наход барои ду навор хизматҳои дигари ӯро ба назар нагиранд ва зиндонаш кунанд”,- гуфт Қувватбек Қувватбеков.

Бародараш гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Абдуллобек Қувватбеков (Мавлавӣ Абдуллои Язгуломӣ) рӯзи 18-уми июни имсол ҳамроҳ бо бародараш Иззатулло Қувватбеков дар Душанбе дастгир шуд. Гуфта мешуд, ҳангоми кофтуков аз хонаи онҳо дар Душанбе теъдоде адабиёти мазҳабӣ ва ҳамчунин 80 ҳазор доллар пули нақд ёфта, бо худ бурдаанд.  Наздиконаш гуфтанд,  ин пули себе буд, ки онҳо аз Ванҷ барои фурӯш ба пойтахт оварда буданд.

Бародари Мавлавӣ Абдуллои Язгуломиро пас аз як ҳафта раҳо карда, худи ӯро ба маркази вилояти Бадахшон бурданд.

Мавлавӣ Абдуллои Язгуломӣ зодаи ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ буда, дар ин ноҳия аз эътибори хос бархӯрдор аст. Наворҳои зиёде аз маъвизаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, вале маълум нест, кадоме аз онҳоро мақомот “даъват ба ифротгароӣ” унвон кардааст.

Манбаъ: https://www.ozodi.org/a/31465242.html

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button