АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ИМРОН ХОН БАЪДИ БАҲСИ ТӮЛОНӢ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ГУФТУГӮРО БО ТОЛИБОН ШУРӮЪ КАРДААСТ

Cарвазири Покистон Имрон Хон рӯзи 18 сентябр дар саҳифааш дар Твиттер навишт, «баъди мулоқот бо роҳбарони давлатҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе ва бахусус баъди баҳсҳои тӯлонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ман алакай гуфтугӯро бо Толибон дар масъалаи таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки тоҷикҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо шурӯъ кардам.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 17 сентябр дар музокирот бо сарвазири Покистон Имрон Хон тавонист Имронхонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикони Афғонистон дар шаҳри Душанбе ва дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста пайдо кардани тоҷикон ва дигар қавмиятҳои сокини он кишвар мутақоид кунад. Ин дастовард, дар сурати ҷомаи амал пӯшиданаш, албатта, ба нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар дараи Панҷшер умедҳои қавӣ мебахшад.  Аз тарафи дигар, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҳомии манфиатҳои тоҷикони Афғонистон низ пазируфта шуд.

Дар мулоқоти Раҳмон бо Имрон Хон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Исломободу Душанбе ҳам матраҳ шуданд, вале мавзӯи асосие, ки  таваҷҷуҳи ҳамаро ба худ кашида буд, бидуни шак, мавзӯи Афғонистон буд. Покистонро, қарори маълум, ҳомии асосии ҳаракати тундрави Толибон ва манфиатҳои қавми пашту ном мебаранд. Тоҷикистон ба навбаи худ дар ҳоли ҳозир аз ҷумлаи ангуштшумор кишварҳоест, ки султаи Толибонро напазируфт ва сароҳатан аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки муҳраи асосиашро тоҷикҳо ташкил медиҳанд, пуштибонӣ мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон шоми 17 сентябр дар пайи музокироташ бо сарвазири Покистон Имрон Хон  натиҷаи асосии ин мулоқотро чунин эълон кард: “Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд. Тоҷикистон ва Покистон ба мувофиқа расиданд, ки тамоми кӯшишҳои худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард. Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд.”

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар изҳори умед кард, ки “сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд.”

“Мо ҷонибдори ҳукумати фарогир дар он кишвар бо иштироки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошем. Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд”, – гуфт президенти Тоҷикистон.

Имрон Хон дар нишасти хабарии муштаракашон бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, истиқрори ҳарчӣ зудтари сулҳ дар Афғонистон ба манфиати нафақат Тоҷикистону Покистон, балки ба манфиати тамоми дунёст. Ӯ аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки интиқоли қудрат дар Афғонистон ба сурати умум бидуни хунрезиву хушунати зиёд ва сарозер шудани сели паноҳҷӯён анҷом шуд. Вале, афзуд ӯ, “як масъалае, ки Покистон ва Тоҷикистонро нигарон кардааст, ин масъали низоъ дар Панҷшер байни тоҷикон ва Толибон мебошад.”

Имрон Хон дар ин робита гуфт: “Мо тавофуқ кардем, ки ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз нуфузи таъсири худ ба тоҷикҳои Афғонистон тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод ва мо аз тарафи худ бо таъсире, ки ба паштуҳо ва Толибон дорем, тамоми кӯшишамонро хоҳем кард, ки сулҳу оштӣ дар Афғонистон аз роҳи муколама ва гуфтугӯ ба даст биояд.”

Дасти дахолати Покистон дар умури Афғонистон, ба хусус дар пайи ба пирӯзӣ расондани ҷангиёни Толибон масъалаест, ки сокинони Тоҷикистон ба боди тунди интиқод мекашанд. Дар арафаи сафари Имрон Хон ба Душанбе як гуруҳи фаъолон аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ин сафарро ба нишони эътироз лағв кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button