ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ ДУЧАРХАРОН ДАР ДУ САДАМА ДАР ЗАРНИСОР ВА ГАГАРИН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 16-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Синотрак», Аслонов Мирқосим Тағоевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат дар назди хонаи истиқоматиаш, дар вақти ба қафо рондан, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони ноболиғ Канаев Беҳрӯз Алимардонович, соли таваллудаш 2012, сокини шаҳраки Зарнисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, санаи 16-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу Сиело», Содиров Ҳикматулло Сафарбекович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён, ҳангоми ҳаракат бо сурати баланд аз самти марказии ноҳияи Кушониён ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Гагарини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи мазкур ба самти муқобили роҳ баромада, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Соҳибов Нозимҷон Октамович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Вахш бархӯрда, баъдан, ба қисмати пеши автомашина дучархарон, Холназаров Амиралӣ Амуралиевич, соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Холназаров А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button