АфғонистонВарзишВидео

БО ДАСТИ ЛАТХӮРДА ВА БО АКСИ МАСЪУД: ПИРӮЗИИ ҲАЙРАТАНГЕЗИ РАЗМАНДАИ ТОҶИК САМАНДАР МУРОДОВ (ВИДЕО)

Размандаи ҷавону ояндадори тоҷик Самандар Муродов шаби 17 ба 18 сентябр дар мусобиқоти EFC (Eagle Fighting Championship), ки ба ёди Абдуманоф Нурмуҳаммадов, падар ва мураббии фақиди размандаи шуҳратёри доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бахшида шуда буд, соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ин мусобиқот шуд.

Самандар Муродов, ки то кунун дар ҳамаи 7 набардаш пирӯз шудааст ва ба ин далел Шикастнопазир ё Мағлубнашаванда (“Непобедимый”) ҳам номаш мебаранд, дар ин мусобиқот барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ бо Максим Шветс, ки то кунун аз 19 набард танҳо чортоашро бохтааст, дасту панҷа нарм кард ва ҳамаро бо матонат ва мардонагии бемисли худ дар ҳайрат гузошт.

Гап сари он аст, ки дар давр ё раунди сеюми набард китфи рости паҳлавони тоҷик баромад ва  бо вуҷуди чунин сахт лат хӯрданаш ӯ бо як даст набардро то даври чорум идома дод ва рақибашро ба нокаути техникӣ фиристода, пирӯзии бечунучаро ба даст овард.

Самандар Муродов ҳангоми эълони номи ғолиби мусобиқа мухлисони худро боз ҳам бештар ба ваҷд овард, чунки ҳам ӯ ва ҳам аъзои дигари дастааш ҳама футболкаҳоро бо аксҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмади Масъуд ба тан карданд ва бо ин, ҳамраъйии худро бо нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки ба зидди Толибон меҷанганд, ба намоиш гузоштанд.

Дар рӯзҳои охир ин бори аввал нест, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ ҳамраъйии худро бо тоҷикони Афғонистон ба намоиш мегузоранд.

Рӯзи 11 сентябр размандаи тоҷик Шаҳбоз Мирзозода, ки дар мусобиқоти  RBM “Русский Кулак” (“Мушти русӣ”) дар Санкт Петербург ғолиб омад, барои намоиши ҳамбастагиаш бо мардуми Панҷшер низ футболка бо акси Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд ва раҳбари Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистонро ба тан кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Офарин чемпион! Офарин Бомдод!! ки чунин маколахоро нашр мекунед. Дар хакикат бо акси Ахмадшохи Масьуд ва писараш Ахмади Масьуд Гурури миллии чавонони бо нангу номуси точикро бедор месозед.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button