ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗОРАТ: 4 РӮЗ БОЗ ЯГОН ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУС ОШКОР НАШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 16 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави сирояти шаҳрвандон ба коронавирус сабт нашудааст. Ин вазорат 4 рӯз паиҳам боз иддао дорад, ки  дар кишвар ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст. Рӯзи 15 сентябр бошад вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар Тоҷикистон ягон бемори коронавирус боқӣ намондааст.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, дар умум аз оғози бақайдгирии пандемия то шоми 16 сентябр дар Тоҷикистон 17 084 нафар гирифтори коронавирус шуда, аз ин шумор 16 960 нафар шифо ёфтаву 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Бисёриҳо ба  иддаои вазорати тандурустӣ дар бораи “ба нестӣ расидани пандемия дар Тоҷикистон” бо шубҳа нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, ҳарчанд вусъату доманаи беморӣ назар ба тобистон коҳиш ёфтааст, вале ҳанӯз ба ҳадде нест, ки аз комилан нест шудани пандемия дар ҷумҳурӣ табли шодӣ бизанем.

Дар нимаи аввали сол вазорати тандурустӣ қариб ним сол исрор меварзид, ки дар Тоҷикистон коронавирус ба нестӣ расонда шуд. Дар натиҷа моҳи июну июл кишвар ба мавҷи азими ин беморӣ рӯбарӯ шуд, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button