АфғонистонМинтақа ва ҷаҳон

ТАВОФУҚИ РАҲМОН БО ИМРОНХОН: ГУФТУШУНИДИ ТОЛИБОН БО ТОҶИКОН ДАР ДУШАНБЕ ДОИР ХОҲАД ШУД

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон шоми 17 сентябр дар пайи музокироташ бо сарвазири Покистон Имрон Хон гуфт: “Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд.” Эмомалӣ Раҳмон гуфт, онҳо ҳамчунин хостори эълони оташбас дар дараи Панҷшер шуданд.

Покистон як кишвари ҳомии ҳаракати Толибон дониста мешавад ва бисёриҳо ба Душанбе омадани сарвазири он кишварро ба боди интиқод кашида буданд.

Матни изҳороти Э.Раҳмон пиромуни Афғонистон баъди мулоқоташ бо Имрон Хон:

Зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати мо қарор дошт.

Вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардид.

Мо, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдорем ва ба эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем.

Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад.

Дар ин зимн, изҳори умед карда шуд, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд. Мо ҷонибдори ҳукумати фарогир дар он кишвар бо иштироки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошем.

Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Итминон ҳосил гардид, ки сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад.

Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд.

Тоҷикистон ва Покистон ба мувофиқа расиданд, ки тамоми кӯшишҳои худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард.

Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button