ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ТАМОМИ РАҲУ РӮИ БӮСТОНСАРОРО БАРОИ МЕҲМОНОНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПУР АЗ МЕВА КАРДАНД (ВИДЕО+74 АКС)

Шоми 16 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳо ва дигар меҳмононе, ки барои иштирок дар саммитҳои Созмони Шанхай ва ОДКБ дар Душанбе қарор доранд,  дар Бӯстонсарои ҳукумат зиёфати ғайрирасмие орост, ки бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Дар бӯстонсаро барои меҳмонон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии тоҷикӣ доир карда гуд, ки бештар ба як муҷассамаи меъморӣ мемонд. Аз меваву сабзавот ва меваҳои хушк дар роҳу гулгаштҳои бӯстонсарои ҳукуматӣ кӯҳу аҳрому шаршараву ҳатто ҷӯю дарё сохта буданд ва дида мешуд, ки тамоми саҳни гулгаштҳои як гӯшаи бӯстонсаро дар даруни меваву сабзаҷот “ғарқ” шудааст.

Сохтани кӯҳу аҳрому шаршара аз меваву сабзавот бори аввал нест, ки ҳангоми қабули меҳмонони баландпоя дар Тоҷикистон таҷриба карда мешавад, вале ончӣ ки шоми 16 сентябр дида мешуд, аз ҳамаи чунин пазироиҳои қаблӣ фарқ мекард.

“Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзеи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил карда шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд. Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полезиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донадор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд ва меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуданд ва ба сифату маззаи ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд”, гуфта мешавад дар гузориши хадамоти матбуоти президент.

Назарҳо ба чунин шеваи пазироии меҳмонони баландпоя яксон нест. Бархе инро барои таблиғи имконоти соҳаи кишоварзии иқтисоди Тоҷикистон иқдоми сӯдманд мешуморанд, бархе ҳамчун як зуҳуроти гигантомания танқид мекунанд ва мегӯянд, аз лиҳози иқтисодӣ он самарае надорад.

Вале хадамоти матбуоти президент менависад: “Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонони фахрӣ аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуд, қаноатманд гардиданд ва бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд. Меҳмонони олиқадр бо эҳсоси баланд ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз доштанд.”

Рӯзи 16 сентябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви ОДКБ доир шуд. Рӯзи 17 сентябр нишасти ҷашнии Созмони ҳамкориҳои Шанхай бахшида ба солгарди бистуми таъсиси ин созмон доир мешавад ва ҳамчунин дар як нишасти муштараки ин ду созмон, ки дар чунин чорчӯб бори аввал доир мешавад, сарони ОДКБ ва Созмони Шанхай вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Роҳбарони кишварҳои асосии тасмимгир дар ин ду созмон: раҳбари Хитой Си Ҷинпин, президенти Русия Владимир Путин ва сарвазири Ҳинд Нарендра Моди ба Душанбе наомаданд ва дар ин нишастҳо ба шакли онлайн иштирок мекунанд.  Нозирони умур мегӯянд, ба сабаби ҳузури мустақим надоштани онҳо, гумон аст, ки роҳбарони кишварҳо битавонанд дар масоили муҳим, бахусус Афғонистон, тасмимҳои ҷиддие бигиранд.

Шоми дӯстӣ ба ифтихори Сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва СААД  16.09.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button