ВидеоИқтисодМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ЧӢ ГУНА ҶАВОНИ ТОҶИК МЕҲРОҶ ТАСКИНБОЕВ ДАР АЛТАЙ ФЕРМЕР ШУД?

Нашрияи “Алтайская правда” дар бораи ҷавони тоҷик Меҳроҷ Таскинбоев қисса кардааст, ки чб гуна ӯ дар кишвари Алтай (Олтой), ин як гӯшаи дури Русия зиндагии худро аз нав сохт.

Муаллиф Оксана Санаева менависад, бисёр вақт мегӯянд, ки музофоти дуре, чун Сибир ё Алтай ҷое нест, ки орзуяш кунӣ ваё орзуҳоят онҷо ҷомаи амал бипӯшанд. Вале чархи рӯзгор Меҳроҷ Таскинбоев, як ҷавони тоҷики алакай шаҳрванди Русияро тасодуфан ба деҳаи Порожноеи ноҳияи Шипуновои кишвари Алтай овард. Меҳроҷе, ки ҳеҷ гоҳ аз гӯшаи хаёлаш намегузашт, ки як рӯз дар дурии чанд ҳазор километр аз Ватанаш деҳқонию чорводорӣ хоҳад кард, ҳоло дар Алтай як фермери комёб шудааст.

Меҳроҷ нақл мекунад, ки баробари хатми мактаб ӯ партаи мактабро бо мардикорӣ дар Русия иваз кард. Ба ҳайси ҳаммол ҳам кор кард, дар мағоза ҳам ва дар сохтмон ҳам.

“Хеле сахт буд, гоҳо гиряам меомад, вале ман мефаҳмидам, ки дар ҳар сурат ман дар Русия назар ба Тоҷикистон хеле бештар пул кор мекунам. Умед доштам, ки шаҳрвандии Русияро, ки бигирам, тиҷорати худро дар инҷо сар мекунам. Орзу доштам, ки барои фарзандони ояндаам таҳсили хуб ва зиндагии беҳтареро таъмин унам. Мехостам, волидонам, додарам ва ман мисли пеш дар як хона зиндагӣ кунем”, нақл мекунад Меҳроҷ Таскинбоев.

Макони нав

Баъди чанде Меҳроҷи он вақт ҳанӯз наврас, ки ба қавле даҳонаш ҳанӯз бӯи шир мекард, дар Интернет эълони фурӯши хона бо замини наздиҳавлигиаш дар деҳаи Порожноеро пайдо карда, ба ин деҳа омад. Ба вай ҳамроҳ бо хона 10 сар гов ҳам доданд. Ва Меҳроҷ оилаашро ба Алтай оварда, зиндагиро дар инҷо аз нав сар кард.

“Алтайская правда” менависад, дар аввал кори бачаи тоҷик чандон омад накард. Ӯ гармхона сохту парвариши кабудиро ба роҳ монд, вале ин кор даромадаш наовард. Ӯ мегӯяд, дар аввал мушкилаш дар он буд, ки кори деҳқониро хуб намедонист, вале мешармид, ки аз дигарон машварат бипурсад. Дар он айём ба Меҳроҷ бахусус ҳамсояаш Галина Сергеева сахт кумак кард.

Меҳроҷ дар байни ягон моҳ тарзи парвариши говҳо ва ҳатто дӯшидани шири онҳоро ёд гирифт. Ӯ се сол чорводорӣ кард. Гӯсолаҳояшро калон карда, мефурӯхт, вале модаговҳоро дар хоҷагӣ мемонд. Шири говҳояшро ба ширфурӯшҳо мефурӯхт. Аз ин ҳисоб, як трактори кӯҳна харида, ба алафдаравӣ сар кард. Бо вуҷуди тамасхури ҳамдеҳаҳо, Меҳроҷ сар намефаровард ва батадриҷ пеш мерафт.

Дар натиҷа соли 2020 ӯ дар ноҳияи Шипуново дар мусобиқаи байни хоҷагиҳои фермерӣ аз лиҳози фурӯши маҳсулоти хоҷагиаш ҷои сеюмро гирифт.  Меҳроҷ ҳоло дар хоҷагиаш беш аз 50 сар чорвои калон, чанд аспу чандин гӯсфанд дорад. Тиҷораташ асосан аз ҳисоби ширфурӯшист. Модару ҳамсараш корҳои хонаро анҷом медиҳанду Меҳроҷу додараш дар фермаашон кор мекунанд. Онҳо ҳоло гранти давлатӣ ба даст овардаанд ва мехоҳанд оғили бузургтаре сохта, чорвои бештар бихаранд, корхонаи коркарди ширро бунёд кунанд ва тиҷорати худро равнақ диҳанд.

Оксана Санаева менависад, “Меҳроҷ Таскинбоев  инсони хушбахт аст. Лабаш доим пур аз табассум аст, мушкилоти рӯзгорро бо оромӣ ҳаллу фасл мекунад. Тарбияи хубаш  дар муносибати муаддабона бо мардум хуб маълум мешавад. Аз рӯи виҷдон ҳалол кор мекунад ва дар ҳаққи оилааш ғамхорӣ зоҳир мекунад. Деҳаи Порожное барои ӯ ватани дуюм шуд. Дар инҷо ин бачаи тоҷик зиндагии шоде дорад.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button