ВидеоҶомеа

БИЁЕД, ДАСТОБАДАСТ ҲАЁТИ БИБИОИШАМОҲРО НАҶОТ ДИҲЕМ!

Бибиоишамоҳ ҳамагӣ 8 моҳ дорад. Вале ин кӯдак дар ин умри кӯтоҳи худ он қадар дарду ранҷ кашидааст, ки барои як умри одам басанда аст.

Ин кӯдак, ки ҳамроҳи модараш дар бемористони “Истиқлол” бистарист, алакай ба иллати гидросифалия (ҷамъ шудани об дар дохили мағзи сар) ҷарроҳии мағзи сарро пушти сар карда, дар сараш шунт мондаанд. Акнун ӯро барои боз як ҷарроҳии дигар омода карда истодаанд, зеро дар камари Бибиоишамоҳ аз қисмати пушт модарзодӣ гӯшти зиёдатӣ, ё қилаи бузург (грыжа)  вуҷуд дорад, ки қариб баробари тақрибан нисфи тамоми бадани ӯст ва кӯдак аз ин қила сахт ранҷ мекашад ва ҳатто ба пушт хобида наметавонад.

Падару модари Бибиоишамоҳ мегӯянд, тамоми дороии худро то имрӯз сарфи табобати ҷигарбандашон карданд ва ҳоло барои ҷарроҳии гӯшти зиёдатӣ аз бадани ӯ ба кумаки мардуми хайрхоҳ эҳтиёҷ доранд.

Ҳар дираму сомоние, ки барои ин кӯдак хайр мекунед, саҳме дар наҷоти ҷони ӯ хоҳад шуд.

Онҳое мехоҳанд дар наҷоти ҷони Бибиоишамоҳ саҳм бигиранд, метавонанд ба ин кортҳо  хайри худро гузаронанд:

Корти миллӣ Душанбе Сити

505827036837514

Точидинов Баходур Нодирович (падари кӯдак)

Сбербанк

5336690310779667

Гадоева Шоира Бахронова

Телефони падари Бибиоишамоҳ барои маълумоти бештар:

Тел: 918 46 92 72

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button