ВидеоСиёсатЧеҳраҳо

ВОЛИИ СУҒД РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БА СИННИ 50 РАСИД

Рӯзи 16 сентябр  Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 50-сола шуд. Раҷаббой Аҳмадзода инак сеюним сол боз раҳбарии вилояти аз лиҳози саноатӣ пешрафтатарини Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Ӯ ба ин мақом аз мансаби раиси кумитаи замин, як ниҳоди хеле олуда ба фасод омад ва бисёриҳо интизор доштанд, ки дигар дар Суғд ҳама чӣ: аз замину корхона то мансабҳо ҳама хариду фурӯш хоҳад шуд. Аммо бар хилофи ин, Аҳмадзода хеле зуд аз худ як намунаи роҳбари ба мардум наздикро ба намоиш гузошт ва аввалин раиси вилоят буд, ки шеваи вокунишҳои сареъ ба шикоятҳои мардум, аз ҷумла шикоятҳои расида аз тариқи шабакаҳои иҷтимоиро ба роҳ андохт.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамин тавр, талош мекунад, худро як раиси хоксору заминӣ ва бо ҳама як нишон диҳад. Дар Панҷакент, дар ёди ҳама ҳаст, ки вақте дар толор як марди кӯҳансол аз ҷой баланд шуд ва лаб ба шикоят кушод, раиси вилоят аз минбар пойин шуд ва пеши ин мӯсафед рафт, то дарди дилашро шунавад. Сокинони ноҳияи Айнӣ нақл карда буданд, ки вақте раиси вилоят аз як сафари корӣ бармегашт ва дар деҳаи Хушекат мардумро дид, ки дар назди як хонаи мотамзада ҷамъ шудаанд, ӯ ҳам аз ронандаву муҳофизонаш хост, ки мошинро нигоҳ доранд ва ба хона даромада, ба наздикони шахси фавтида таъзия баён карда, миқдоре пул аз кисааш ҳамчун хайрот бароварда, ба соҳибхона дод.

Ҳар сари чанд вақт ба бозор рафтану нархҳоро назорат кардан ё ба ҳашари пахтачинӣ рафтани Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамин тавр, иштироки фаъолонааш дар ҳалли муноқишаҳои пайваста дар марз бо Қирғизистонро як плюси дигари ӯ медонанд, ки дар дигар раисони вилоят камтар мушоҳида мешуд.

Мунтақидон нотавонии Аҳмадзода дар мубориза бо фасод, бахусус дар низоми Кумитаи замин, яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада дар вилояти Суғд ва саросари Тоҷикистонро аз заъфҳои умда дар фаъолияти ӯ мешуморанд. Мухолифин Аҳмадзодаро як меҳвари асосии фасод ва коррупсия дар шимоли Тоҷикистон ном мебаранд, вале то кунун далелҳои мустанади қобили таваҷҷуҳ дар ин маврид нашр накардаанд.

Ба ҳадди ифрот расондани пешвозгириҳои пурдабдаба аз президент Эмомалӣ Раҳмондар вилояти Суғд низ нуктаест, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ доим ба рӯи раиси ин вилоят мекашанд. Вале тақрибан ҳар се моҳ барои кушодани иншооти навбанав ба вилояти Суғд сафар кардани президент Эмомалӣ Раҳмон низ нишон медиҳад, ки дар “боло” аз  фаъолияти ӯ ва аз ҷумла аз ин шеваи пешвозгириҳояш аз раҳбари аввал хушу розианд ва ба эҳтимоли ғолиб, курсии волии Суғд нуқтаи охирини карйераи Раҷаббой Аҳмадзода нест.

Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1993 Донишгоҳи химия-технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси муҳандис-технолог ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии вобаста ба президенти Русияро хатм кардааст.

Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти кориашро солҳои 1993—1994  ба ҳайси муҳандис-технологи коргоҳи шишабарории заводи «Лаъл» оғоз карда, солҳои 1994—1995 — муовини сардори корхонаи «Сангбурӣ» ва солҳои 1995—1998 — сардори идораи робитаҳои иқтисоди берунии ҷамъияти саҳҳомии «Ленинободпромстройматериал», солҳои 1998—2000 — муовини мудири кулл ва солҳои 2000—2005 — мудири кулли «Ленинободпромстройматериал» буд.

Аҳмадзода солҳои 2005—2007 — раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, солҳои 2007—2009 — мудири кулли корхонаи воҳиди давлатии «Садаф» буда, соли 2009  раиси шаҳри Гулистон (Қайроққум) ва соли 2011 шаҳрдори Хуҷанд таъйин шуд  Ӯ солҳои 2016—2018 дар мақоми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар аввали соли 2018  ба мақоми раиси вилояти Суғд расид. Аз 27 июли соли 2018 аз ҳавзаи № 21 вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, билофосила баъди интихобаш муовини раиси палатаи болоии парлумон интихоб шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зан ва 4 фарзанд дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button