ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ҚИРҒИЗИСТОН ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОНРО БА ҲАБСИ АБАД МАҲКУМ КАРД

Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар робита ба муноқишаи марзии моҳи апрел ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов ба “ҷиноят ба зидди сулҳ” (моддаи 380-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон) ва “ғоратгарӣ” (моддаи 391-и Қирғизистон) гунаҳкор дониста шудаанд, аммо пайвандонашон розӣ нестанд. Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи муҳокимаи шаҳрвандонаш дар кишвари ҳамсоя изҳори назар накардааст.

Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳабси абад маҳкум кард

Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ

Абдулазиз Юнусов, падари яке аз маҳкумшудаҳо, рӯзи 15-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукм 14-уми сентябр дар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон эълон шуд, аммо онҳоро ба толори додгоҳ роҳ надоданд. Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров, низ гуфт, “дар мурофиа танҳо вакили мудофеъ ҳузур дошт”.

Пештар вакили мудофеи қирғиз, Мэлс Абдураимов, нахост дар бораи қазияи шаҳрвандони Тоҷикистон суҳбат кунад.

“Зану бачаҳояшро бурда бурдам. Пеш аз омадани додрас писарамро нишон доданд. Баъд моро ба берун бароварда, ҳукмро эълон карданд. Вакили мудофеъ хабар дод, ки онҳо ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд. Худам дар ҳолати шок ҳастам”, — гуфт Абдулазиз Юнусов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар ҳоле ки шарҳи Додгоҳи ноҳияи Лайлак дар бораи сабабҳои эълони ҳукм маълум нест, Абдулазиз Юнусов мегӯяд, додгоҳ ба ҷуз аз наворе, ки писарашро ҳамроҳ бо шахсони мусаллаҳ нишон медиҳад, далели дигаре надорад. “Ин ягона далел буд”, — иддао кард ӯ.

Аскар Юнусов ва Абдурозиқ Қаҳҳоров, моҳи майи имсол аз ҷониби нерӯҳои Қирғизистон дар шароити номаълум дастгир шудаанд. Пайвандонашон гуфтанд, бо ҳукми Додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он талош хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, муҳокимаи се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон низ дар робита ба муноқишаи марзии моҳи апрел дар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд идома дорад. Додситон 15-уми сентябр ба онҳо 20-солии ҳабс талаб кардааст. Интизор меравад, ҳукми онҳо 21-уми сентябр эълон шавад.

Бино ба санадҳое, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, ин афрод ба “хиёнат ба ватан”, “ғайриқонунӣ гузаштан” аз марз ва “қочоқи маводи мухаддир” муттаҳаманд.

Яке аз онҳо Акмалҷон Исоев, шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон, аст. Модараш, Раъно Исоева мегӯяд, вакили мудофеъ аз додрас хостааст, моддаи “хиёнат ба ватан” аз парвандаи ӯ ва ҳамроҳонаш (Аюбҷон ва Амонҷон) ҳазф шавад, вале додситон напазируфтааст. “Ҳамчунин адвокат пешниҳод кард, ки бо далели тасдиқ нашудан, моддаи қочоқи маводи мухаддир аз парвандаи Акмалҷон бардошта шавад, аммо намояндаи додситонӣ чизеро ба назар нагирифт”, — афзуд ӯ.

Вай аз шеваи боздошт ва тафтишу муҳокимаи фарзандаш норозист, чун мегӯяд, “ба ӯ туҳмат карданд”. “Писарам худро бегуноҳ мешуморад. Ба келину набераам иҷоза намедиҳанд, ки аз қаламрави Тоҷикистон гузашта ба хонаи худ оянд ва барои ҳимоят аз писарам гап зананд ё коре кунанд. Дар мурофиа танҳо мани пир иштирок дорам”, — нақл кард Раъно Исоева.

Маҳинбону Мукаррамӣ, ҳамсари Акмалҷон Исоев, мегӯяд, ҳангоми муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрел ба хонаи волидонаш дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон паноҳ бурд ва бо баста шудани марз дар инҷо монд. Вай афзуд, “шавҳарам дар Исфана буд. Мақомоти интизомии Қирғизистон ӯро моҳи майи имсол дастгир карда, ҳамзамон ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам кардаанд, ки асос надорад.”

Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми сентябр бо вакили давлатии гумонбарон, Мелс Абдураимов, дар тамос шуд. Ӯ дар посух гуфт, “дар ҳоли ҳозир муносибати Тоҷикистону Қирғизистон хуб нест, марзҳо бастаанд” ва аз ин рӯ ҳаққи суҳбатро надорад ва гӯширо гузошт.

Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими об, муноқиша сар мезанад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button