ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ РОНАНДА ВА ЯК КӮДАК ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ХУРОСОН ВА ВАҲДАТ

Шоми 14 сентябр, соати 19 дар ҳудуди ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон бар асари ба ҳам бархӯрдани ду мошини  “Тойота” ва “Опел” ронандаи “Опел”, сокини 59солаи ҷамоати Ситораи сурхи ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Субҳи 15 сентябр, соати 10:30, як кӯдаки шашсола дар ҳудуди ҷамоати Карим Исмоилов дар канори шаҳри Ваҳдат зери чархи мошини “Опел” ба ҳалокат расидааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми 14-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Корола», Иброҳимов Нусратулло Ёқубҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Садурдинов Саймуддин Шарҳуддинович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Мутаассифона, 15-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Муқимов Ваҳоб Воҳидович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Абдуллоев Муҳибулло Зайдуллоевич, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкурро, ки роҳи мошингардро убур мекард, пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Абдуллоев М.З. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button