ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

БОВАР МЕКУНЕД? ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ГУФТ, ДАР ТОҶИКИСТОН ЯГОН БЕМОРИ КОРОНАВИРУС НАМОНД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 15 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт нашуда, дар айни замон дар ин муддат охирин 4 бемори гирифтори ин вирус шифо ёфтаанд ва ба ин тартиб, дар Тоҷикистон ягон нафари гирифтори коронавирус боқӣ намондааст. Ин алакай се рӯз аст, ки вазорати тандурустӣ иддао дорад, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст.

Вазорат ҳамин тавр, аз 16 август  ба ин тараф як боз боз иддао мекунад, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати марги  шаҳрвандон аз коронавирус сабт нашудааст.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, дар умум аз оғози бақайдгирии пандемия то шоми 15 сентябр дар Тоҷикистон 17 084 нафар гирифтори коронавирус шуда, аз ин шумор 16 960 нафар шифо ёфтаву 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Мунтақидон бар инанд, ки омори расмии вазорати тандурустӣ миқёси воқеии паҳншавии коронавирусро дар Тоҷикистон бозгӯ намекунад ва ҳафтаҳои охир ин ниҳод дигарбора сиёсати хатои пинҳон кардани воқеиятҳо ва чунин вонамуд карданро, ки гӯё пандемия дар Тоҷикистон ба нестӣ расонда шуд, пеш гирифтааст. Дар нимаи аввали сол ин сиёсати хато боиси мавҷи азими пандемия дар Тоҷикистон ва ҳалокати даҳҳо нафар аз ин беморӣ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button