АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

Э.РАҲМОН ТАНҲО МОНД: БЕ ПУТИН ОДКБ ОИД БА АФҒОНИСТОН ЯГОН ҚАРОРИ ҶИДДӢ НАГИРИФТ

Дар ғайби Владимир Путин, президенти Русия ва тасмимгири асосӣ дар Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ё ОДКБ, нишасти сарони ин созмон, ки рӯзи 16 сентябр дар Душанбе доир шуд, дар масъалаи асосӣ – вазъи Афғонисон ягон тасмими қотеъ гирифта натавонист ва бо даъватҳои эъломиявӣ маҳдуд шуд. Аз ҷумла аҳли нишаст ҳамаи тарафҳои зидахли муноқишаи Афғонистонро ба музокироти сулҳ даъват карда, бори дигар хостори тезонидани қабули барномаи аз соли 2013 ба ин сӯ дар ҳаво ҳамчунон муаллақи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон шуданд ва тасмим гирифтанд, ки моҳе баъд дар Тоҷикистон машқҳои густарда барпо кунанд. ОДКБ ҳамчунин нақшаи эъзоми фаврии нирӯҳои муштараки зудамалаш ва ҳайъати ин нирӯҳоро баррасӣ кард.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар нишасти Душанбе масъаларо боз ба тарафи худ тоб дода, пешниҳод кард, ки барномаи амали ОДКБ дар сурати ҳамлаи як узваш ба қаламрави узви дигарашро таҳия кунанд. Манзури Ҷабборов муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон буд, ки аз ду тараф 55 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт ва ҳарду ҷониб то кунун якдигарро дар шурӯи он низоъ айбдор мекунанд.

Путин ҳамагӣ як рӯз қабл аз сафараш ба Душанбе ногаҳон эълон кард, ки азбаски даҳҳо нафар аз атрофиёнаш гирифтори коронавирус шудаанд, ӯ ҳам маҷбур аст, ба карантин биравад ва аз ин рӯӣ дар нишастҳои Душанбе на мустақиман, балки бо режими онлайн иштирок мекунад, чунки намехоҳад, ки ба саломатии роҳбарони давлатҳои дигар хатар эҷод кунад. Кремл гуфт, ки гӯё чанд нафар аз онҳое, ки маишати зиндагии Путинро таъмин мекарданд, мариз шудаанд.

Вале бисёриҳо дар карантини Путин гашти дипломатиро мебинанд. Ба ақидаи нозирон, сабаби аслии наомадани Путин дар он аст, ки Русия то кунун ба қароре нарасидааст, ки нисбат ба Толибон баъди қудратро дар Афғонистон ба даст овардани ин гуруҳи тундрав чӣ мавқеъ бигирад?

Аз як тараф, мақомоти Русия хуш омадааст, ки ҷангиёни Толибон Амрикову Ғарби дар назари Маскав манфурро “дарси абад” дода, баъди 20 соли ҷанг ва харҷи як триллион доллар маҷбур ба тарки Афғонистон карданд. Вале дар Маскав инро ҳам мефаҳманд, ки омадани Толибон ин ба маънои тақвияти нақш, ҷойгоҳ ва нуфузи Покистон дар Афғонистон ва амалан ба марзи СНГ расидани бесуботиҳост.

Ба фарқ аз Русия ва дигар кишварҳои минтақа, ки аксар мавқеи интизориро пеш гирифтаанд ваё мисли вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров  ё раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов  пешниҳод доранд, ки бо Толибон тамос барқарор кунанд ваё ҳатто пушти мизи музокирот бишинанд, Тоҷикистон мавқеи сароҳатан зидди Толибонро интиход кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин мавқеашро дар нишасти Душанбе низ такрор кард.

 «Имрӯз Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад. Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ дар ин кишвар даст кашиданд ва аз таъсиси як аморати исломӣ бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат бо роҳбарии аъзои ҳаракати онҳо хабар доданд. Ҳайати эълоншудаи ҳукумати муваққатӣ гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ, инчунин баробарии гендериро ба назар намегирад. Ин маънои онро дорад, ки дар ду-се соли наздик ҷорӣ кардани идеологияи ифротӣ дар Афғонистон шадидтар мешавад ва эҳтимоли густариши ин ақидаҳои харобкорона дар минтақаҳои ҳамсоя афзоиш меёбад. Аз холигии ҳарбию сиёсӣ истифода бурда, қувваҳои гуногуни террористӣ мавқеъҳои худро дар мамлакат фаъолона мустаҳкам мекунанд”,  – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Матни пурраи суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Афғонистон:

“Ҳамтоёни муҳтарам

Ман бо арзёбиҳои зикршуда розӣ ҳастам, ки имрӯз дар муносибатҳои байналмилалӣ равандҳои манфӣ дар соҳаи амнияти ҳарбӣ-сиёсӣ афзоиш меёбанд.

Инчунин набояд фаромӯш кард, ки мо то ҳол дар марҳилаи хатарноки пандемия қарор дорем.

Пандемияи аз ҷиҳати миқёс ва оқибатҳои худ бесобиқа ба буҳрони тӯлонии иҷтимоию иқтисодӣ оварда расонд, ки бидуни муболиға, аз ҷумла ба амнияти мо таъсир мерасонад.

Вазъи фалокатбор дар Афғонистон бевосита ба минтақаи амнияти дастҷамъии Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.

Имрӯз Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад.

Вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад.

Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ дар ин кишвар даст кашиданд ва аз таъсиси як аморати исломӣ бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат бо роҳбарии аъзои ҳаракати онҳо хабар доданд.

Ҳайати эълоншудаи ҳукумати муваққатӣ гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ, инчунин баробарии гендериро ба назар намегирад.

Ин маънои онро дорад, ки дар ду-се соли наздик ҷорӣ кардани идеологияи ифротӣ дар Афғонистон шадидтар мешавад ва эҳтимоли густариши ин ақидаҳои харобкорона дар минтақаҳои ҳамсоя афзоиш меёбад.

Тоҷикистон ҳама шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад.

Аз холигии ҳарбию сиёсӣ истифода бурда, қувваҳои гуногуни террористӣ мавқеъҳои худро дар мамлакат фаъолона мустаҳкам мекунанд.

Дар пеши назари мо Афғонистон бори дигар ба макони терроризми байналмилалӣ мубаддал мешавад.

Мувофиқи маълумоте, ки ҳар рӯз аз манотиқи мухталифи Афғонистон ба мо мерасанд, вазъи воқеӣ дар маҳал комилан дигар аст, он чанд маротиба бадтар аз онест, ки дар расонаҳо инъикос карда мешавад. Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем.

Толибон дастрасии минтақаро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд. СММ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва дигар созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ аз имконияти иҷрои рисолати худ маҳруманд.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Тоҷикистон барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунад ва ба ин мавқеъ содиқ мемонад.

Мутмаинем, ки мушкили Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва барои ҳалли бетаъхири мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя, бояд бо ҷалби табақаҳои васеи ҷомеа ва иштироки намояндагони ҳамаи миллатҳо ҳукумати фарогир таъсис дода шавад.

Низоми сиёсии ин кишвари ҳамсоя бояд бо назардошти ирода ва мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар, бидуни дахолати берунӣ муайян карда шавад.

Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад.

Вазъияти имрӯзае, ки дар Афғонистон ба назар мерасад, ба қитъаи тоҷикистонию афғонистонии ҳудудҳои ҷанубии СААД фишори шадид мерасонад.

Дар ин замина, зарурати идомаи кори муштараки пайваста оид ба ҳарчи зудтар ба итмом расонидани ҳамоҳангсозии Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД ҷиҳати таҳкими қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро зарур мешуморем.

Барои пешгирии шабакаҳои дастгирии молиявӣ ва моддию техникии гурӯҳҳои террористӣ кӯшиши фаъолонатар ба харҷ додан лозим аст.

Ба фаъолияти иттилоотии террористон, истифодаи онҳо аз технологияҳои навтарин, аз ҷумла интернет диққати махсус бояд дод.

Сарфи назар аз баъзе тамоюлҳои мусбат дар солҳои охир, таҳдиди маводи мухаддир низ ба амнияти минтақаи масъулияти СААД таъсири манфӣ мерасонад.

Умедворем, ки Стратегияи зидди маводи мухаддир, ки дар доираи СААД барои панҷ соли оянда (2021-2025) амалӣ мешавад, ба ҳалли ин масъалаҳо ва ҳамкории мо такони иловагӣ мебахшад”.

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)   16.09.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button