ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ВИДЕО: ФСБ БОЗ ДУ ЗОДАИ ОСИЁИ МАРКАЗИРО БО ИТТИҲОМИ ТЕРРОРИЗМ ДАСТГИР КАРД

Раёсати ФСБ кишвари Красноярски Русия рӯзи 15 сентябр аз ҷилавгирӣ аз фаъолияти як шуъбаи пинҳонкори созмони дар Русия мамнӯи “Катиба Тавҳид вал-ҷиҳод”  ва боздошти ду узви фаъоли он хабар дод.

Дар видеое, ки ФСБ нашр кард, дида мешавад, ки мақомоти амниятии саропо мусаллаҳ вориди як нонвойхонаи муҳоҷирон мешаванд ва ҳамаро амр медиҳанд, ки рӯи фарши бино бихобанд. Афсарони ФСБ вориди ҳуҷраи дуюм шуда, дар онҷо ду нафари масти хобро пайдо мекунанд ва низ маҷбур мекунанд, ки дастҳояшонро ба пушт карда, рӯи фарш бихобанд.

Дар видео дида мешавад, ки афсарони ФСБ ҳудуди 10 муҳоҷирро рӯи фарш қатор хобондаанд.

 “Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯб фаъолияти тарафдорони созмони террористии “Катиба Тавҳид вал-ҷиҳод”  дар қаламрави кишвари Красноярск пешгирӣ карда шуд”, — гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ.
Гуфта мешавад, ки ду шаҳрванди яке аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Красноярск барои таблиғи идеологияи террористӣ ва ҷалби сокинони маҳаллӣ ба саффи созмони “Катиба Тавҳид вал-ҷиҳод” омада буданд. Нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 205.1  ва 205.2 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми кумак ба фаъолияти террористӣ ва даъватҳои оммавӣ ба чунин фаъолият парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ҷазои ҳадди аксар барои чунин ҷиноятҳо дар Русия ҳабси умрбод аст.

 “Катиба Тавҳид вал-ҷиҳод” як созмони ифротии аз лиҳози ақида наздик ба ДОИШ аст, ки ҷангҷӯёни зодаи Осиёи Марказӣ дар Сурия ва Ироқ таъсис додаанд. Таҳти парчами он асосан ҷангҷӯён аз Ӯзбекистон ҷамъ шуда буд. Ин гуруҳ бо қарори додгоҳи ҳарбии ҳавзаи Маскав аз 5 июни соли 2019  № 2-63/2019 созмони террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар Русия манъ карда шудааст.

Дар солҳои охир даҳҳо тан аз муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ боздошту зиндонӣ ва чанд нафараш ҳатто ҳангоми боздошт аз ҷониби кормандони ФСБ кушта шуданд. Наздикони бархеи онҳо ва ҳамчунин ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки мақомоти амниятии Русия дар бисёр маврид пои муҳоҷирони беҳуқуқро беасос бо далелҳои бофтаю сохта бо мақсади болотар нишон додани натиҷаҳои бадастовардаи худ дар мубориза бо терроризм ба чунин парвандаҳо мечаспонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button