ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗОРАТ: ДУ РӮЗ БОЗ ЯГОН ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУС БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 14 сентябр хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси нави COVID-19  сабт нашудаааст ва дар айни замон дар ин муддат боз 3 бемор аз коронавирус шифо ёфта, касе нафавтидааст. Вазорат инак ду рӯзи охир паиҳам аз ошкор нашудани ҳолатҳои нави коронавирус дар Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.

Бино ба омори расмӣ, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирии пандемия то шоми 14 июн дар Тоҷикистон 17 084 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 956 шифо ёфтаанд, вале  124 нафар, мутаассифона бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Аз омори расмии вазорати тандурустӣ бармеояд, ки то шоми 14 сентябр дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон ҳамагӣ 4 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд.

Як рӯз қабл вазорат аз ин омори хушҳолкунандааш дифоъ кард ва гуфт, чанд омил, аз ҷумла ғамхориҳои ҳукумат ва вусъат ёфтани маъракаи ваксиназании мардум сабаб шудааст, ки ҳолатҳои нави сироят ба коронавирус ба сифр баробар шуда, мавҷи ахири ин беморӣ дар Тоҷикистон тақрибан ба нестӣ бирасад. 

Вазорат гуфт, то имрӯз 2 миллиону 168 ҳазор, ё 37,2 фоиз аз ҷамъи 5,8 миллион  нафар аҳолии калонсоли Тоҷикистон  дастикам як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифта, 1 миллиону 278 ҳазор нафар ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, дар Душанбе, ки маъракаи ваксиназанӣ хубтар ба роҳ монда шудааст, охирин ҳолати нави коронавирус 29 август сабт шуда буд ва дар пойтахти Тоҷикистон алакай ҳамаи бемористонҳое, ки барои табобати беморони коронавирус махсус гардонда шуда буданд, ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштаанд.

Мунтақидон ба омори расмии вазорати тандурустӣ дар бобати коронавирус бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд ва бар инанд, ки вазорат ба далелҳои ҳаз норавшане дигарбора сиёсати пинҳон кардани воқеиятҳо дар мавриди вазъияти паҳншавии коронавирусро пеш гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button