ВидеоТоҷикистон

ТАСВИРҲОИ ПУРДАҲШАТ АЗ МАҲАЛЛИ САДАМАИ ЯКБОРА 10 МОШИН ДАР МАЙХӮРА (ВИДЕО+18)

Видеои садамаи пурдаҳшате, ки шоми 14 сентябр, соати 18:30 дар километри 65–уми роҳи Душанбе-Хуҷанд дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб рӯй дод, нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ки садамаи якбора 10 мошин боиси қатъи ҳаракат дар шоҳроҳи асосии байни шимол ва маркази Тоҷикистон шудааст ва даҳҳо нафар машғули аз мошинҳо берун кашидани қурбониёни ин садама мебошанд.

Дар инҷо  як мошини боркаши тамғаи “Дулан Ҳова” таҳти идораи як сокини вилояти Хатлон ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе якбора ба 10 мошин бархӯрд ва дар натиҷа, як мошини “Тойота” бар асари бархӯрд ба ҷарии умқаш 200 метр чаппа шуда, дар ин садама ду мусофири мошинҳои садамахӯрда, аз ҷумла як зани  50-сола аз ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расида, 4 мусофири дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористони марказии ноҳияи Варзоб бистарӣ кардаанд.

Ширкати IRS, ки нигоҳубини роҳи Душанбе- Хуҷанд – Чаноқро ба уҳда дорад, ба “Азия Плюс” гуфт, мусофири дуюм, як мард субҳи 15 сентябр дар бемористон ҷон бохтааст.

 “Вазъи чор мусофири дигари маҷруҳ, ки дирӯз бистарӣ карда шуданд, муътадил аст”, – гуфтаанд дар хадамоти матбуоти IRS.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби гузашта боз як садамаи дигари пурқурбонӣ дар наздикии деҳаи Хуфи ҷамоати Пастхуфи ноҳияи Рӯшон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додааст. Дар ин ҷо ҳангоми ҳаракат ба сӯи деҳаи Хуф як мошин ба ҷарии умқаш 100-150-метр  чаппа шудааст. Дар натиҷаи садама ҳамаи онҳое, ки дар дохили мошин буданд – ронанда ва ҳарсе мусофираш – дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

КҲФ дар робита ба ин ду садамаи пурқурбонӣ аз ҳамаи ронандагон бори дигар хостааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро бекамукост риоя кунанд, вижагиҳои роҳҳои кӯҳистоноо мадди назар бигиранд ва ҳаёту худу ҳамроҳони худро ба хатар нагузоранд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button