ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ТОҲИР АЗИЗЗОДА ДАР СИННИ 41 ҶАВОНМАРГ ШУД

Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ шоми 14 сентябр дар синни 41 дар бемористони “Истиқлол” дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз ноҳияи Мастчоҳ хабар дод, ки Тоҳир Азиззода тақрибан як моҳи пеш гирифтори коронавирус шуда буд.

“Баъди коронавирус ба по хест ва ҳатто ба кор баромад. Вале вазъи саломатиаш хуб набуд. Барои ҷарроҳии чашму сараш ба Душанбе рафта буд. Дар пайи ҷарроҳӣ шоми 14 сентябр ҷон дод. Зоҳиран асароти коронавирус ба саломатиаш сахт кора карда буд”,  – гуфт мусоҳиби “Бомдод”.

Фитрати Ҳикмат, сардабири ҳафтаномаи ноҳиявии “Машъал” низ дар суҳбат бо хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” гуфтааст, ки вазъи саломатии Тоҳир Азиззода аз аввали моҳи сентябр чандон хуб набуд: “Рӯзи 1 сентябр дар рӯзи Дониш дар ифтитоҳи як муассисаи таълимӣ иштирок карданд, баъди ҳамин дар хона табобат мегирифтанд. Ду се рӯзи пеш саломатиашон бадтар шуд ва барои ҷарроҳӣ ба шаҳри Душанбе рафтанд, вале ин бегоҳ ҷон ба Ҳақ таслим намуданд.”

Фитрати Ҳикмат дар бораи аз чӣ беморӣ фавтидани Азиззода изҳори бехабарӣ карда, танҳо гуфтааст, ки “таб кардаанду фишорашон ҳам баланд шудааст”.

Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат 17 апрели соли 1980 дар деҳаи Пастиғави ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  ба дунё омада, соли 2009 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд хатм кардааст.

Тоҳир Азиззода солҳои 1997-2002 дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кор карда, аз соли 2002 то 2012 роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи Мусо Исоев дар деҳаи Пастиғав буд. Соли 2012 ӯ ширкати сохтмониеро бо номи ҶДММ “Пастиғав” таъсис дода, то соли 2016 раҳбари ин ширкат буд. Соли 2016 муовини аввали раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  ва

13 январи соли 2020  раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Ғайрат Азиззодаро, ки вакили парлумон интихоб шуд, иваз кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button