ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯРЧ ДАР ТУНДАРАИ ВАҲДАТ ДУ ХОНА ВА ЧОЙХОНАРО ХАРОБ КАРД (4 АКС)

Шаби 14 сентябри соли 2021 тахминан соати 01:15 дар деҳаи Тундараи ҷамоати деҳоти Баҳор дар канори шаҳри Ваҳдат ярч ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он  иншооти ёрирасони ду сокини  деҳа ва чойхонаи ҷамъиятӣ қисман хароб шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ҳаҷми ярч тахминан 1440 метри мураббаъ ҳисоб карда шудааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби кӯчидани замин аз меъёр зиёд обёрӣ кардани боғи себе будааст, ки дар қисмати болоии хонаҳои истиқоматӣ ва дар теппа ҷойгир шудааст. Ҷамъ шудани оби зиёд ва қабат ба қабати хоки теппаро фаро гирифтани он сабаби ҷамъшавии обу лой дар дохил шуда, ба лағзиши замин оварда расондааст.

Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Бар асари лағзиши замин  дар Тундара талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button