ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ЯК ЗАНИ МУСУЛМОН БО РАФТОРАШ ДАР ВАГОНИ МЕТРО ҲАМАРО БА ВАҶД ОВАРД (АКС)

Қиссаи риққатовари як зани мусулмон аз Осиёи Миёна, ки дар вагони метро рӯи фарш нишаста, банди кафши пои як марди солхӯрдаро мебандад, рӯзи 14 сентябр пайдо шуда, мисли вирус дар саросари Интернет пашҳн шуд. Ҳазорон нафар зери ин матлаб тугмаи лайкро пахш карда, ҳазорони дигар онро дар минбарҳои гуногун нашр кардаанд. Ҳато нашрияи ба сурати умум миллатгаро ва муҳоҷирбадбини «Царьград» ҳам ин қиссаро дар сомонааш нашр кардааст.

Вале ҷолиб он аст, ки вобаста ба макони нашраш, макони ҳодиса низ иваз мешавад.  Қиссаи ин зани мусалмони савобҷӯ аввал дар саҳифаи Анна Тарасова дар Фейсбук бо як акси лаҳзаи кафши пои мӯсафедро бастани он зан нашр шуд. Анна навишт, ки дар истгоҳи Тверская ба метрои Маскав шоҳиди ин ҳодиса шуд.

Вале нашрияи Incident54 дар Инстаграм менависад, ки яке аз хонандагонаш  дар метрои шаҳри Новосибирск шоҳиди ин ҳодиса шудааст. Бархе корбарони дигар бо истифодаи айни матн менависанд, ки худашон шоҳиди айнии ин ҳодиса дар Хабаровск, Петербург ва чандин шаҳри дигар шудаанд.

Дар лобалои ин ҳама сели лайку бознашр дигар маълум нест, ки оё дар асл чунин ҳодиса буд ё набуд? Вале ин ҳама лайку бознашр баёнгари он аст, ки мардум чӣ қадар ташнаи чунин амалҳои хайр ва корҳои савоб шудаанд.  Гоҳо чунин як амали як мусулмон назар ба ҳазорон мавъиза аз баландтарин минбарҳову дарёи хуне, ки бархе аз номи Ислом мерезонанд, барои таблиғ ва боло бурдани обрӯи дини Ислом хидмати бештар мекунад.

Асли матни қиссаи ин зани мусулмони савобҷӯ ин аст:

 “Имрӯз шоҳиди рафторе шудам, ки маро ба риққат овард.

Як зан аз яке аз кишварҳои Осиёи Миёна ба як мӯсафед барои бастани банди кафши пояш кумак кард. Ин мард дар истгоҳи Тверская ба вагон даромад ва дид, ки банди кафшаш кушода шудааст. Ӯ нишаст ва кӯшиш кард, ки банди пояшро бандад, вале дида мешуд, ки мустақилона ин корро карда наметавонад.

Ман фикр доштам, ки ба вай кумак расонам, вале ба назарам чунин намуд, ки ӯ то чанд лаҳзаи дигар худаш банди пояшро мебананд. Дастони мӯсафед меларзиж ва барояш хам шудан хеле мушкил буд. Ва ҳам ӯву ҳам ман фаҳмидам, ки ин кор аз дасташ намеояд.

Вале он зан маро чанд сония пешдастӣ кард.

Ҳайф, ки ман рӯи ӯро дар зери рӯймолу ниқоб дида натавонистам. Вале мутмаинам, ки рӯи ӯ хеле зебост. Ба ҳамон зебоӣ, ки қалби зебои ӯрост.”

Ин қисса, тавре гуфтем, ҳазорон шарҳу лайку бознашрро ба дунбол дошт. Ин ҳам чанд намуна аз шарҳҳои зери ин матлаб:

“Чӣ матлаби пур аз меҳри дар вақтҳои охир хеле нодир… “

 “Дар Осиёи Миёна нисбат ба пирон бо эҳтироми тамом муносибат мекунанд ва хешовандони худро то 7 пушт мешиносанд.”

 “Бигзор ҷаҳон саршори савобу муҳаббат боҳад. Сипсо ба онҳое, ки ба чунин корҳои савоб қодиранд. Мо ҳама дар назди Худованд баробарем, чӣ масеҳӣ ва чӣ мусулмон! Ман ба ин зани зебо эҳтиром қоилам ва ҳама гулҳои ҷаҳонро барояш ҳадя мекунам!”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button