ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЧОРГУЛТЕППА САРИ ЯК КӮДАКИ ДАҲСОЛАРО БО САНГ ЗАДА, КАФОНДААНД

Як навраси 17-сола ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 7 сентябр, соати 17:30 дар назди хонаашон дар ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо санг сари кӯдаки 10-соларо зада кафондаааст. Кӯдакро бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ кардаанд.

хххххххх

Директори ҶДММ “Толсохтмон” ба он гумонбар мешавад, ки моҳи июли соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 11 600 доллар гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ  дар Душанбе хона гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст. Ӯ ҳамчунин аз як зани дигари 20 заор доллар гирифта, ними пулро то ҳол надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 14 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Расонидани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бо санг

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 7-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар назди ҳавлии истиқоматиашон бо ноболиғи 10-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол карда, бо санг 1-маротиба ба сараш задаст. Дар натиҷа, ноболиғи 10-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани амалҳои мардумфиребӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2019, дар ноҳияи И.Сомонӣ директори ҶДММ “Толсохтмон”, марди 46-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 11 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар масоҳати 60-метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Инчунин, номбурда моҳи июли соли 2019, дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ҳамин роҳ ба боварии зани 46-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, 10 ҳазору 500 доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда 9 ҳазору 500 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button