ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕЛЯБИНСК БАРОИ КУШТОРИ МАСҲГАР (МАССАЖИСТКА)

Нашрияи Znak.com  аз қавли манбааш бархе тафсилоти то ин соат маълумшудаи куштори зани маҳсгар (массажистка) дар шаҳри Челябински Русияро нашр кард. Ба гуфтаи ин манбаъ, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон аз ин зан чизи бештар аз маҳс хостааст, вале зан рад кардааст.

Гуфта мешавад, ҷиноят субҳи барвақт рӯё додааст, вале ҷасади занро танҳо давоми рӯз, баъди онки  ба зангҳо ҷавоб надодааст, пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъи “Знак”, ҷавони тоҷик ба толори маҳсгарии воқеъ дар кӯчаи Чайковский омада, баъди протседураи релаксатсия аз зани маҳсгар талаби секс кардааст. Байни онҳо чӣ гап гузаштааст, ҳанӯз маълум нест, вале бино ба фарзияи пулис, баъди ҷавоби рад гирифтан, муштарӣ маҳсгарро кушта, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Зане ки кушта шуд, 34 сол дошта, касбаш ироаи массажи эротикӣ барои мардон буд. Дар робита ба қатли ӯ бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия парванда кушодаанд.

Марди гумонбарро кормандони пулиси вилояти Челябинск алакай муайян ва дастгир кардаанд, чунки видеокамераҳои назоратӣ дар дохили толори маҳсгарӣ ҷараёни ҳодиса ва чеҳраи ин мардро сабт карда буданд.

Бино ба маълумоти  фонди «Безопасный дом», 67% мардон дар Русия ҳадди ақал як маротиба дар зиндагии худ аз хадамоти секс истифода бурдаанд. Таъбири “хадамоти секс” (секс-услуги) нафақат истифода аз хидмати занони танфурӯш, балки хадамотеро, чун рақсҳои шаҳвонӣ дар стриптиз-клубҳо, даъвати духтарони эскорт ба  сауна ва “маҳси поёнаш пурнишот” (“массаж со счастливым финалом») низ фаро мегирад. Маъмулан исбот кардани ин, ки дар толори маҳс хидматҳои хеле бештар аз як маҳс расонда мешаванд, осон нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button