ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

2 САДАМАИ ДАҲШАТБОР ДАР РӮШОН ВА МАЙХӮРА: ДУ МОШИН БА ҶАРӢ РАФТ, 5 KAC ҲАЛОК ШУД (3 AKC)

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар кишвар дар ду садамаи марговари шабона дар роҳҳои кӯҳистон 5 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Садамаи аз ҳама мудҳиш дар наздикии деҳаи Хуфи ҷамоати Пастхуфи ноҳияи Рӯшон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додааст. Дар ин ҷо ҳангоми ҳаракат ба сӯи деҳаи Хуф як мошин ба ҷарии умқаш 100-150-метр  чаппа шудааст. Дар натиҷаи садама ҳамаи онҳое, ки дар дохили мошин буданд – ронанда ва ҳарсе мусофираш – дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамин тавр, шоми 14 сентябр, соати 18:30, дар километри 65–уми роҳи Душанбе-Хуҷанд дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб як мошини боркаши тамғаи “Дулан Ҳова” таҳти идораи як сокини вилояти Хатлон ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонист ва дар натиҷа ба 10 мошин бархӯрд. Як мошини “Тойота” бар асари бархӯрд ба ҷарии умқаш 200 метр чаппа шуд. Дар натиҷаи ин садама мусофири яке аз мошинҳо: зани  50-сола аз ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расида, 5 мусофири дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони марказии ноҳияи Варзоб интиқол додаанд.

КҲФ дар робита ба ин ду садамаи пурқурбонӣ аз ҳамаи ронандагон бори дигар хостааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро бекамукост риоя кунанд, вижагиҳои роҳҳои кӯҳистоноо мадди назар бигиранд ва ҳаёту худу ҳамроҳони худро ба хатар нагузоранд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button