АфғонистонВидеоҲуқуқи инсон

ТАЗОҲУРОТИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ АФҒОН ДАР ДУШАНБЕ (ВИДЕО)

Субҳи 14 сентябр, дар пешорӯи шурӯи нишастҳои Созмони Шанхай ва ОДКБ дар Душанбе даҳҳо тан аз занону духтарони афғони муқими Тоҷикистон дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ба зидди Толибон ва дасти дахолати Покистон тазоҳуроти эътирозӣ карданд. Бисёре аз занони афғон ба ин ҳамоиш ҳамроҳи фарзандони худ омада буданд.

Бино ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, тазоҳургарон бо худ шиорҳое, чун  “Покистон, Покистон, берун шав аз Афғонистон!”, “Куштани афғонҳоро бас кунед!”, “Аз Аҳмади Масъуд ҳимоят мекунем!” ва “Зинда бод муқовимат!” доштанд.

Тазоҳургарон аз ҷомиаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки ҳукумати  Толибонро эътироф накунанд ва баракс аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд ҳимоят кунанд. Ба гуфтаи онҳо, “шинохтани “Аморат”-и Толибон ба расмият шинохтани терроризм байналмилалӣ аст ва ҳар касе, ки онҳоро ба расмият мешиносад, худ ҳомии терроризм аст”.

Сафорати Афғонистон дар Душанбе сароҳатан мухолифаташ ба режими Толибонро баён дошта, гуфтааст, баъди фирори Ашраф Ғанӣ, муовини ӯ Амруллоҳ Солеҳро ба ҳайси раҳбари муваққати Афғонистон мешиносад. Дар моҳи август дар сафорати Афғонистон дар Душанбе акси Ашраф Ғаниро канда, ба ҷояшакси Амруллоҳ Солеҳро ҳамчун раҳбари нави Афғонистон овехта буданд.

Ба ҳисоби ВКД Тоҷикистон, дар ин кишвар ҳудуди 15 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Афғонистон ба сар мебаранд. Садҳо нафари дигар аз сокинони Афғонистон дар пайи тасарруфи он кишвар аз сӯи Толибон азми паноҳ овардан ба Тоҷикистонро доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button