Ҳодиса

ТАЛАБИ РОНДАНИ МУҲОҶИРОН ДАР ПАЙИ КУШТОРИ ЯК ПИРАЗАН ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Шаби 13 ба 14 сентябр дар деҳаи Бужаниново дар канори шаҳри Сергиев Посади вилояти Маскав ҳудуди 200 нафар аз сокинони маҳаллӣ дар назди як хобгоҳи муҳоҷирон гирди ҳам омада, аз мақомот талаб карданд, ки ин хобгоҳро бубанданд. Ҷамъомади сокинон дар пайи куштори як зани нафақахӯри 67-сола буд, ки ҷасади ӯро бо нишонаҳои таҷовуз ва қатли маҷбурӣ рӯзи 13 сентябр дар ҷангал, дар наздикии ҷамъияти боғдории “Магистраль 2” пайдо карданд.

Сокинон дар таҷовуз ва қатли ин пиразан муҳоҷиронеро, ки дар Бужаниново дар хобгоҳи ширкати “Эко-Окна” ба сар мебаранд, гунаҳкор карданд ва гуфтанд, ки худро дар паҳлуи ин муҳоҷирон амн ҳис намекунанд ва аз мақомот мехоҳанд, ки ин хобгоҳро банданд.

Раҳбари мунитсипалитети ҳавзаи Сергиев-Посад Михаил Токарев аз ин даъвати сокинон зуд пуштибонӣ карда, дар Инстаграм гуфт, хобгоҳро мебананд.

“Дар деҳаи Бужаниново ҷинояти нангин рӯй дод.  Сокинон дар ташвишанд. Агар чунин кор сурат гирифтааст, пас ин хобгоҳ бояд набошад. Мо имрӯз онро мебандем. Ва дап саросари вилоят рейдҳо мегузаронем. Ҳарҷое, ки шаҳрвандон шикоят доранд ваё ҳодисаҳои шубҳаовар рӯй медиҳанд, чораҳои қатъитарин андешида мешаванд. Мо мефаҳмем, ки ба вилояти Маскав одамони зиёде меоянд, то ки зиндагии оилаҳои худро таъмин кунанд. Вале агар онҳо қонунро поймол кунанд, ин бояд шадидан ва бе ягон гузашта пешгирӣ карда шавад”, – изҳор дошт Токарев дар саҳифааш дар Инстаграм.

https://www.instagram.com/p/CTzDFAfvCln/

Сарраёсати тафтишоти вилояти Маскав билофосила аз боздошти ду гумонбаршаванда  хабар дод. Сухангӯи ин идора Олга Врадий гуфт, “онҳо шаҳрвандони яке аз кишварҳои ҳамсоя будаанд.”

Ҳарчанд  мақомот аз кадом кишвар будани дастгиршудаҳоро нагуфтанд, вале расонаҳои русӣ хабар доданд, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, соли таваллудашон 1988 ва 1984 буда, ҳарду дар ҳудуди ҷамъияти боғдории “Магистраль 2” ба сохтмони як хонаи шахсӣ машғул будаанд.

Маълум шуд, ки ин ду нафар дар он хобгоҳе, ки сокинон бастанашро талаб доранд, зиндагӣ намекардаанд, балки  ҳам ҷои хобу ҳам ҷои корашон ҳамон сохтмон будааст. Инро, ки дастгиршудаҳо дар хобгоҳи Бужаниново зиндагӣ намекунанд, раҳбари мунитсипалитети Сергиев Посад Михаил Токарев низ тасдиқ кардааст.

Бозпурсии яке аз гумонбаршавандаҳо. Акс аз сомонаи Сарраёсати тафтишоти вилояти Маскав

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button