ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

СОКИНИ ҶАМОАТИ СУРХ ЗАНАШРО БА ҶИЯНИ 15-СОЛААШ РАШК КАРДА, ҲАРДУРО ЛАТТУКӮБ КАРДААСТ…

Дар Исфара сокини 38-солаи ҷамоати Сурх соати сеи шаби 31 август ҳамсари 38-солаашро ба ҷияни ноболиғи 15-солааш рашк карда, латтукӯб кардааст. Бино ба иттилои ВКД, сипас ин марди бадрашк ҳамон рӯз соати 06:0 ба хонаи ҷиянаш рафта, ӯро бо баҳонаи ба кори саҳро рафтан, ба берун даъват карда, бо мушташ ба пешониаш зада, ба замин афтонида, бо пойҳояш ба сару бадан ва аз замин як рӯдаи оҳанинро гирифта, ба аъзои бадани ҷиянаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ бардоштааст.

Ҳамчунин дар ноҳияи Шаҳринав як сокини 46-солаи ҷамоати Саборо шаби 21 август, падарарӯси 68-солааш латтукӯб кардааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 14 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Лату кӯб ва расонидани зарари ҷисмонӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21-уми августи соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар дохили хонаи истиқоматиаш хусураш, марди 68-сола, бе ягон асос ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 31-уми августи соли 2021, тахминан соати 03:00, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 38-сола, аз рӯи ҳиссиёти рашк нисбати ӯ бо ҷияни ноболиғи 15-солааш, номбурдаро лату кӯб кардааст.
Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, гумонбаршаванда худи ҳамон рӯз, тахминан соати 06:00, ба хонаи истиқоматии ҷияни ноболиғаш рафта, бо баҳонаи ҳамроҳ ба саҳро рафтан, охиронро ба назди дари ҳавлӣ даъват карда, бо мушташ ба пешониаш зада, ба замин афтонида, бо пойҳояш ба сару бадан ва аз замин 1-адад рӯдаи оҳанинро гирифта, ба аъзои бадани ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст. Мувофиқи хулосаи Ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 2 ва 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашинаи «Мерседес-Бенс»

Ба ШВКД дар ноҳияи Ашт бо ариза марди 61-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 14:10-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро, ки дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button