ПУТИН БА ТОҶИКИСТОН НАМЕОЯД. ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ БА КАРАНТИН РАФТ
Президенти Русия Владимир Путин ба карантин рафт ва ба ин сабаб дар ин ҳафта ба Душанбе намеояд. Кремл рӯзи 14 сентябр хабар дод, ки Путин дар нишастҳои сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки аз 15 то1 8 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон доир мешаванд, бо режими онлайн-конфаронса аз қароргоҳаш дар мавзеи Ново-Огарёво дар канори Маскав иштирок хоҳад кард. Ба ин тартиб, боздиди расмии Путин аз Тоҷикистон, ки мебоист дар рӯзҳои ин нишастҳои минтақавӣ доир шавад, низ ба таъхир гузошта мешавад.
Путин як рӯз қабл дар мулоқот бо дастаи паралампии Русия гуфт, бисёре аз атрофиёни ӯ гирифтори коронавирус шудаанд ва ба ин далел, шояд ӯ ҳам ба карантин биравад.
Путин дар ҳоле ба карантин рафт, ки ҳарду вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифта буд. Ӯ иқрор карда буд, ки ваксинаи русии “Спутник”-ро гирифтааст.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков рӯзи 14 сентябр қарори Путин барои худдорӣ аз ҳузури мустақим дар нишастҳои Душанберо қарори масъулиятшиносона номид. Ӯ гуфт: “Амалан президент бо нафарони гирифтори вирус тамос дошт ва аз ин рӯ бояд мавқеи масъулиятшиносона мегирифт ва ба ҳеҷ ваҷҳ набояд саломатии ҳамтоёни худ — иштирокчиёни нишастҳои Душанберо ба хатар мегузошт. Аз ин рӯ, президент дар нишасти Созмони Шанхай ва Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва нишасти муштараки сарони ин ду созмон ба тариқи видеоконфаронс иҳтирок мекунад.“
Песков гуфт, чорабиниҳои рӯбарӯ бо иштироки Путин як муддат доир нахоҳанд шуд, вале ӯ дар карантин ҳам аз қароргоҳаш дар Ново-Огарёво ба раҳбарии давлат идома хоҳад дод.
Интизор мерафт, ки Владимир Путин аз 15 то 18 сентябр дар нишасти ОДКБ, нишасти ҷашнии бахшида ба солгарди 20-уми таъсиси Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва нишасти муштараки ин ду созмон пиромуни вазъи Афғонистон иштирок карда, дар ҳошияи ин нишастҳо сафари расмиаш ба Тоҷикистонро низ анҷом диҳад. Қарор буд, дар нишасти Душанбе масъалаи ба узвияти комили Созмони Шанхай пазируфтани Эрон баррасӣ шавад ва атрофиёни раисиҷумҳури нави Эрон Иброҳим Раисӣ гуфта буданд, ки Раисӣ хеле умедвори натиҷаҳои мулоқотест, ки ӯ мебоист то нишасти сарон бо Путин дар Душанбе анҷом диҳад.
Раҳбарони Хитой, Ҳинд ва Муғулистон низ аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ карда, гуфтаанд, дар нишастҳои Душанбе бо режими онлайн иштирок хоҳанд кард.