ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ДАР МЕТРОИ МАСКАВ РОҲНАМОҲОРО БА ТОҶИКИЮ ӮЗБЕКӢ ТАРҶУМА КАРДААНД (АКС)

Дар истгоҳи «Лесопарковая» хатти Бутовои метрои Маскав роҳнамоҳоро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ тарҷума кардаанд. Дар ин бораи Telegram-канали Readovka бо нашри аксе хабар дод, ки дар он роҳнамои метро бо тарҷума ба ду забони хориҷӣ  – ба тоҷикӣ (бо ҳуруфи кирилӣ) ва ба ӯзбекӣ (бо ҳуруфи лотинӣ) дида мешавад.

Readovka хабар дод, ки департаменти нақлиёти шаҳрдории Маскав ин навовариро аз истгоҳи «Лесопарковая» шурӯъ кардааст. Ҳанӯз маълум нест, ки оё ин кор дар дигар истгоҳҳои метрои Маскав низ сурат хоҳад гирифт ё на? Истгоҳи “Лесопарковая” истгоҳест, ки муҳоҷирон аз онҷо барои дуруст кардани санадҳои худ ба Маркази Сахарово мераванд.

Вале ин навоварӣ баёнгари он аст, ки зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба диаспораҳои бузургтарин дар байни миллионҳо муҳоҷире, ки аз кишварҳои мухталиф ба пойтахти Русия меоянд, табдил ёфтаанд.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ва аз 4 то 5 миллион нафар аз сокинони Ӯзбекистон барои таъмини рӯзгори оилаҳои худ ба мардикорӣ ба Русия мераванд. Шаҳру вилояти Маскав як самти асосии сафари муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ба Русия ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button