ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР 85 РӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН ЯКУМ БОР ЯГОН ҲОЛАТИ НАВИ COVID-19 САБТ НАШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 13 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави сирояти шаҳрвандон ба коронавирус сабт нашуда, дар айни замон, дар ин муддат 5 бемор аз ин вирус шифо ёфтаву хушбахтона, касе нафавтидааст. Аз 21 июн ба ин тараф, дар умум дар 85 рӯзи охир ин бори аввал аст, ки вазорати тандурустӣ аз ошкор нашудани ягон ҳолати нави коронавирус ҳисобот медиҳанд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии пандемия  то шоми 13 сентябр дар Тоҷикистон расман 17 084 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 953 нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Аз омори расмии вазорати тандурустӣ бармеояд, ки то шоми 13 сентябр дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон ҳамагӣ 7 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд.

Хабаргузории “Ховар” вусъати маъракаи ваксиназанӣ, аз ҷумла ҳадди ақал” як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифтани 2 миллиону 168 ҳазор, ё 37,2 фоиз аз ҷамъи 5,8 миллион  нафар аҳолии калонсоли Тоҷикистон ва ҳарду вояи ваксинаро гирифтани 1 миллиону 278 ҳазор нафарро як сабаби тақрибан ба сифр расидани сатҳи паҳншавии коронавирус дар кишвар номидааст.

“Ховар” менависад, “дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи ҳукумат” ва ваксинагирӣ “имрӯз сатҳи сироятёбии шаҳрвандон ба бемории коронавирус коҳиш ёфта, тайи ҳафтаи охир ҳолатҳои бистаришавии шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ бо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.”

Ҳамин тавр, бино ба иттилои “Ховар”, дар шаҳри Душанбе охирин ҳолати сироят ба коронавирус 29 август сабт шуда, ҳоло дар пойтахт тамоми муассисаҳои тиббие, ки ба табобати беморони коронавирус машғул буданд, ба фаъолияти муқаррарӣ гузаштаанд.

Вале мунтақидон ба ин омори хушбинонаи вазорат бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд ва бар инанд, ки мақомот дигарбора сиёсати пинҳон кардани вазъи воқеии пандемияро пеш гирифтаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳарчанд доманаи паҳншавии коронавирус нисбат ба моҳҳои июну июл коҳиш ёфтааст, вале иддао кардан, ки коронавирус ба нестӣ расонда шуд, пеш аз вақт аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button