ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНӢ ВА ТИРПАРРОНӢ БАЙНИ ЗОДАГОНИ ОСИЁИ МИЁНА ВА ҚАФҚОЗ ДАР ВОРОНЕЖ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти пулиси вилояти Воронежи Русия хабари занозании гуруҳӣ дар маркази ин шаҳрро, ки видеояш дар Интернет нашр шуд, тасдиқ кардааст. Пойгоҳи хабарии  Readovka бо такя ба пулис хабар дод, ки шоми 11 сентябр, соати 20:50 сокинони маҳаллӣ ба мақомот хабар додаанд, ки дар назди бинои №153А дар хиёбони Ленин, дар наздикии соҳили дарёи Воронеж ду гуруҳи ҷавонон аз гиребони якдигар гирифтаанд.

   Бино ба иттилои муқаддамотии Readovka, дар маркази Воронеж зодагони Қафқоз ва Осиёи Миёна ба далели ҳанӯз норӯшан занозанӣ кардаанд.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки аввал як гуруҳи мардон як нафари ба замин афтодаро дар байни роҳи мошингард латтукӯб мекунал. Сипас занозанӣ дар роҳи пиёдагард давом мекунад. Дар ҳамин лаҳза як мошини “ҷип” дар назди иштирокчиёни занозанӣ манъ мекунад, вале баъди баланд шудани садои тирпарронӣ ронандаи “ҷип” бо шитоб аз онҷо фирор мекунад.

Сабаби занозанӣ то кунун рӯшан нашудааст.

Дар чанд ҳафтаи охир дар чанд шаҳру вилояти Русия занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо рӯй дод, ки нигаронии ҷиддии мақомоти Русияро ба бор овардааст. ВКД Русия ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи вуруд маҳрум хоҳанд кард.

Дар чанд ҳафтаи охир 87 муҳоҷирро аз Маскав, 37 муҳоҷири дигарро аз шаҳри Митишии вилояти Маскав ва даҳҳо нафари дигарро аз Санкт Петербург маҳз барои иштирокашон дар занозаниҳо ихроҷ карданд. Аксари онҳоро то 40 сол аз ҳаққи бозгашт ба Русия низ маҳрум кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button