ВидеоНуқтаи назарТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ПРОФЕССОР САТТОРОВ: ТОҶИКИСТОН АЗ ЛИҲОЗИ ПАҲНШАВИИ COVID-19 АЗ СОҲАТ(ПЛАТО) ГУЗАШТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 12 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 9 ҳолати нави сирояти коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 11 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе нафавтидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии пандемия то шоми 12 сентябр дар кишвар 17 084 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 948 нафар (99,2%) шифо ёфта, 124 нафар, муттассифона, фавтидаанд.

Аз омори расмии вазорат бармеояд, ки то шоми 12 сентябр дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон ҳамагӣ 12 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд.

Ахиран коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Мария ван Керкхове гуфт, дунё аз рӯи паҳншавии коронавирус ба соҳат расидааст, аммо дар минтақаҳо ҳолатҳои мухталиф мушоҳида мешаванд. Таҳти мафҳуми «расидан ба соҳат» (плато/plateau) такроршавии  шумораи сироятҳои нав фаҳмида мешавад. Яъне, шумораи сироятҳои нав муддати тӯлонӣ бетағйир боқӣ мемонад ва пасон коҳиш меёбад.

Профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов ба хабаргузории “Ховар” гуфтааст, Тоҷикистон аз  рӯи паҳншавии коронавирус ҳанӯз 20 август ба сатҳи соҳат (плато) расида буд ва он аввали моҳи сентябр ба охир расид.

«Мувофиқи ҳисобҳои ман, ҳоло ҳолати паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ мӯътадил буда, рӯ ба коҳиш аст. Инро метавон натиҷаи хуб арзёбӣ намуд. То ин дам, омор пайваста рӯ ба афзоиш буд. Ҳар рӯз тақрибан аз 40 то 46 гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта мешуд. Аз аввали моҳи сентябр ин шумора коҳиш ёфт. Дар рӯзҳои аввали моҳи сентябр, аллакай аз 20 то 29 нафар гирифторон ба коронавирус ба қайд гирифта мешуданд ва ҳоло он хеле камтар аст», — гуфтааст профессор Сатторов.

Тибқи пешгӯиҳои Саидбек Сатторов, минбаъд шумораи гирифторон бояд коҳиш ёбад.

Аммо мунтақидон ба омори расмии вазорати тандурустӣ дар бобати коронавирус бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд вусъат ва доманаи ин беморӣ дар ҷумҳурӣ хеле коҳиш ёфтааст, вале боз ҳам на ба ҳадде, ки вазорати тандурустӣ тасвир мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button